sebiston july new
ШАВҲАРАМ МАЪШУҚА ДОШТА БОШАД?
5764

 

Ману шавҳарам якдигарро дӯст дошта издивоҷ намудем. Муддати 10 сол бо волидони шавҳарам дар як хонаи серодаму калон умр ба сар бурда, ба мисли Лайливу Маҷнун будем.

Ба наздикӣ соҳиби хонаи алоҳида шудем. Аҷибаш он, ки дар ин хона тамоми шароитҳоямон муҳайёву рағбати ҷинсиямон мурдааст. Зиндагиямон хуб аст, вале муносибати маҳрамонаамон мисли пешина нест. Сабабаш дар чист? Шояд шавҳарам маъшуқа ёфта бошад?

Сарвиноз, аз н. Сино.

Маслиҳати равоншинос:

Чунин ҳолат дар муносибатҳои зану шавҳароне бештар сар мезанад, ки мард вазифаи баланд дорад ва рӯзона дар ҷойи кор сахт асабӣ шуда, бегоҳ бо табъи гирифта ба хона меояд. Ин қабил зану шавҳарҳо ба дилдода не, ба бародару хоҳар монанданд. Табибон мегӯянд, ки ҳар қадаре мард дер-дер бо мубошират машғул шавад, ҳамон андоза меҳрварзӣ барояш душвор мешаваду хоҳиши ҷимоъ кардан кам мегардад.

Сарчашмаи бемориҳои мардона

Вақте ҳаёти маҳрамона гум мешавад, инсон эътимодашро ба худ гум карда, саломатияшро аз даст медиҳад. Мардҳое, ки ҳаёти маҳрамонаи доимӣ доранд, аз бемории простатит кам азият мекашанд. Ғадуди простата оберо ҷудо мекунад, ки ба таркиби нутфа дохил мегардад, вақте ин об дар ғадуди простата ҷамъ мешавад, простатит пайдо мешавад. Ишқварзӣ қодир аст кори ҳуҷайраҳои асабро ба эътидол орад. Қобили зикр аст, ки на танҳо ба саломатии мардон, балки ба тандурустии бонувон низ ишқварзӣ накардан беасар намемонад. Занҳо аз набудани ҳаёти маҳрамона асабӣ ва моҷароҷӯю хурдагир мешаванд.

Роҳи наҷот

Роҳи беҳтарини ҳалли ин масъалаи нозук пинҳон накардани мушкилоти ҳаёти маҳрамона мебошад, вале на бо дугонаю ҷӯраҳо, балки бо мутахассис бояд ошкорбаёнӣ намуд.

Якум: Албатта табиби шаҳватшинос ёбед ва мушкилотатонро ошкоро гуфта мадад пурсед. Шаҳватшинос сабабҳои аз ишқварзӣ дурӣ ҷустани шавҳаратонро муайян карда, маслиҳати судманд медиҳад ё доруву дармони махсус мефармояд.

Дуввум: Дар хонаи хобатон дигаргунӣ ба амал оред.

Сеюм: Телевизорро аз хонаи хобатон берун бароред ё ҳангоми хобравӣ телевизор тамошо накунед.

Чаҳорум: Аксу фиттаҳои тӯятонро якҷоя тамошо кунед ва рӯзҳои аввали заношавҳариятонро ба хотир оред.

Панҷум: Якҷоя ба сауна рафта, якдигарро маҳс кунед.

Шашум: Аз ҳама муҳимаш, агар шумо якдигарро дӯст дореду бо сабаби номаълуме аз мубошират дур гашта бошед, ба воҳима наафтед, то бо рафтори нодуруст вазъиятро вазнинтар нагардонед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД