arzon replenishment
Шавҳарам маро таҳқир мекунад
3856

 

Шавҳарам чандон одами бад нест, аммо вақте ба ғазаб меояд, худро ба даст гирифта наметавонад ва аз даҳонаш чӣ гапи сахте барояд, гуфтан мегирад. Дар сари қаҳру ғазаб тамоми хубиҳоямро фаромӯш карда, дар назди 5 келин маро таҳқир карда, паст мезанаду суханони носазо мегӯяд. Аз ҳама аламовараш он аст, ки падари фарзандонам назди келинҳо бо ангушт ҷониби ман нишон дода: “Ин одами хуб нест, ягон кор аз дасташ намеояд, ягон ҳунар надорад, ҳурматаш накунед” мегӯяд.

Гаштаву баргашта келинҳоро таъкид мекунад, ки маро ҳурмат накунанд. Ману модарам мисли дугона будем ва ҳастем, аммо шавҳарам ба ҳама мегӯяд, ки гӯё ман модарамро ҳурмат намекарда бошам. Бовар кунед, бо суханони дағалаш баъзан чунон ба иззати нафсам мерасад, ки дунё дар назарам торик мегардад. Агар чунин давом кардан гирад, мусаллам аст, ки қадру қимматам дар назди келинҳо низ ба як тини пучак баробар мегардад. Ману шавҳарам соҳиби 5 писару 3 духтари ботарбия ҳастем. Аз давраҳои ҷавонӣ ба кори колхоз рафта, шабамро бо фарзандонам дар он ҷо рӯз мекардем. То ҳол дар ҳама пастиву баландии зиндагӣ дар бари падари фарзандонам ҳастам, ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меорам, аммо ҳамоно шавҳарам маро таҳқир мекунад. Аз чунин носипосии марде, ки тамоми умрамро ба ӯ бахшидаам, хеле руҳафтода мешавам. Намедонам бо шавҳарам чӣ гуна рафтор намоям. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Ҷумъагул, аз н.Файзобод

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД