arzon replenishment
Шавҳарам маро ғайбат мекунад
3788

Ман Ганҷина, аз шаҳри Душанбе мебошам. Ду сол қабл волидонам маро бо писари як хеши дурашон оиладор карданд. Шавҳарамро пеш аз тӯй ягон бор надида бошам ҳам, баъди тӯй сахт дӯст доштам. Хушдоманам хеле зани ҷоҳил баромад, хоҳаршӯйҳоям бошанд, аз рӯзи аввал камбудиву гуноҳамро ҷуста, маро дар назди акаашон сиёҳ мекунанд. Ба хотири он ки шавҳарамро дӯст медорам, ман розиям ба ҳаму ҷабру ҷафои пайвандонаш тоқат кунам, лекин шавҳарам тавре рафтор мекунад, ки дилам аз зиндагиву шавҳардорӣ ях мешавад. Гап сари он аст, ки шавҳарам низ бо модару апаҳояш нишаста, маро ғайбат мекунанд. Ҳарчанд ин амалашро аз ман пинҳон кунад ҳам, лекин ман аз даҳони апаҳояш гапҳои гуфтаашро фаҳмида, дилхун мешавам. Чанд маротиба ба худаш гуфтам, ки агар аз ягон кору амали ман норозӣ бошад, омада, инро ба рӯйи худам гап занад, зеро намехоҳам аз даҳони дигарон “дарди дили шавҳарам”-ро шунавам. Шавҳарам бо модару апаҳояш якҷоя шуда, на танҳо ман, балки тамоми авлоду аҷдодашонро ғайбату масхара мекунанд. Азбаски ман чунин тарбия нагирифтаам, ин рафтори шавҳари занакбашараи ман ғашамро меорад. Рӯз ба рӯз муносибатам бо шавҳарам бад шуда истодааст. Занҳои меҳрубон, дугонаҳои азиз, хоҳишмандам ба ман маслиҳат диҳед, бо шавҳари ғайбатчӣ чӣ кор кунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД