Ҳарчанд маълумоти миёна дорам, вале хондани китобҳои бадеӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳоро зиёд дӯст медорам. Дар асарҳои бадеӣ ва шеъру достонҳо дар бораи бузургии ишқ мехондаму дар ҳайрат мешудам. Не, Шумо гумон накунед, ки ман як зани сарди аз дӯстдориҳо бехабарам, аммо баъзе ҳодисаҳои шунидаамро таҳлил карда мегуфтам: Набояд ин тавр бошад. Аммо балои ишқ ба сари шавҳарам омад, замоне, ки мо чор фарзанд доштем…. Шавҳарам ошиқ шуд ва ин ишқ ӯро ба домани хок бурд.
Духтари раис
Модарамро ёд надорам, зеро ӯ ҳангоми ба дунё омадани ман аз олам чашм пӯшида, ману апаамро ятим мондааст. Падарам баъди марги модарам бори дуввум хонадор шудааст, ду додарам аз никоҳи дуввуми падарам ба дунё омадаанд. Ростӣ, аввалҳо аз угай будани модарам хабар надоштам, вақте ба балоғат расидем, баъд фаҳмидам. Моиндарам, ки ману апаам ӯро оча мегуфтем, бисёр зани меҳрубону порсо буданд. Падарам директори заводи равған буду зиндагии шоистае доштем. Ману апаам духтарони раис бошем ҳам, ҳунарманду сарпасту меҳнатдӯст будем. Аз ин хотир, харидорони зиёде доштем, вале ба изҳори ишқи ҷавонони ҳамсоламон аҳамият надода, зиндагиямонро аз рӯйи насиҳатҳои падару модарамон пеш мебурдем. Хостгорон ниҳоят зиёд буданд, вале волидайни мо мехостанд ҳамсарони ҳаётии моро бо эҳтиёт интихоб намоянд, зеро хушбахтии моро мехостанд. Апаам аз ман ҳамагӣ як сол фарқ дошт ва пасопеш мактабро хатм намудем. Волидонам барои апаам писари ҳамсояамонро, ки муаллими физика буду дар донишгоҳ дарс медод, ҳамсар интихоб намуданд. Тақдири ман бошад, дар рӯзи тӯйи апаам ҳали худро ёфт…
Домоди ба пойи худ омада
Мо дар маркази вилоят зиндагӣ мекардем, як ҷӯраи падарам, ки дар колхози наздикии шаҳр раис буд, ҳамроҳи ҳамсараш ба тӯй омад. Онҳо дар мошини он вақт овозадори «Волга» ташриф оварданд, ронандааш як ҷавони қоматбаланди ниҳоят зебо, баъдтар фаҳмидем писарашон будааст. Зани раис синчакорона ба ман нигоҳ мекарду зери лаб табассум мекард, ман аз нигоҳҳои ин зани босалобати тиллопеч худамро гум карда, қариб буд табақи ошро дар болояш чаппа мекардам. Баъди ду ҳафтаи тӯйи апаам сабаби хандаҳои зан маълум шуд, онҳо барои ман хостгорӣ омаданд…
Падарам розӣ шуд, зеро рафиқашро чун бародаронаш ҳурмату эҳтиром менамуд. Дар оилаи мо гапи падарам қонун буд, ӯ ҳеҷ гоҳ аз мо намепурсид, ки ин корро кунам ё не? Ман аз як тараф хурсанд будам, ки ҳамсари як ҷавони болобаланди зебои маълумоти олидор ва келини хонадони бонуфузе мешавам, аз тарафи дигар ғамгин мешудам, зеро ман сабзинаи қадпаст будаму ҳусни казоӣ надоштам…
Дар ҷодаҳои зиндагӣ
Тӯйи мо хеле боҳашаммат гузашт, хусурам ҳофизони машҳури ҳамон даврро даъват намуду бо шукӯҳи зиёд зиндагиямон оғоз шуд. Ҳамсарам корманди ҳифзи ҳуқуқ буд, тамоми хешовандон ва ду хоҳараш ҳамеша нобаробарии ҳусну қаду қомати моро мегуфтанд. Аз субҳ то шом дар хонадони сермеҳмони шавҳарам меҷунбидам, пайи ҳам тавлид шудани фарзандон, ин ҳама ба чашми касе наменамуд. Хушдоманам худаш маро хуш карда бошад ҳам, сари гапу поёни гап “бачаи хушрӯям ҳайф шудаасте” гуфта, ҷонамро ба лаб меовард. Ман сарам хам, ҳама аламамро аз меҳнат мегирифтам. Шавҳарам Саид, бо ман хеле меҳрубон буд, аз забони ҳама дар бораи занбозиҳояш мешунидам, аммо ба ман аз бинӣ боло гап намезад. Шояд азобамро дида, дилаш месӯхт, ҳар гоҳе модараш назди ӯ маро зери тозёнаи танқид гирад, ноаён сӯям чашмак мезад. Дар танҳоӣ мегуфт, ки модарам ҳар чӣ гӯяд, хафа нашав. Шавҳарам ду хоҳару як додар дошт, ҳеварам ба ман мисли додар меҳрубон буд, вале хоҳаршӯйҳоям ҳар кадоме зиндагии алоҳида дошта бошанд ҳам, ба ман кор мегирифтанд. Шавҳарамро бо тақозои касб ба як ноҳияи дурдаст ба кор фиристоданду хусурам, ки ҳамеша маро пуштибонӣ мекард, ӯро маҷбур намуд то ману кӯдаконро бо худ барад. Хушдоманам қиёматро қоим кард ва Саид ваъда дод, ки то Орифро зан надиҳанд, моро ҳеҷ куҷо намебарад. Он рӯзи муборак ҳам фаро расид, келини навро фаровардему мо ҳамроҳи кӯдакон ба як ноҳияи кӯҳистони сарҳадӣ роҳ пеш гирифтем. Ман розӣ будам, ки дар биёбон зиндагӣ кунаму нафаси озод кашам, нафасе дур аз хонаи сермеҳмони хусураму гапҳои талху нешдори хушдоманам….
Ноосуда куҷо равад, ки….
Аз тарафи ноҳия барои мо ҳавличаи зебои озодаи дорои чор дар хона ҷудо намуданд, ман бо хурсандӣ аз пайи зиндагӣ шудам. Акнун вақти машғул шудан бо фарзандону истироҳат, ба хости дили худ дам гирифтану хӯрок пухта хӯрдан доштам. Ҳар шом дастархон кушода, Саидро интизор мешудам, зиндагии осоиштае доштем, вале….
Шавҳарам, ки дар ҷойи нав бо ман хеле меҳрубон буд, бо гузашти як сол тамоман тағир ёфт. Ӯ нисфи шаб ба хона меомаду ба ман аҳмияте надода, сарашро зери кӯрпа мекард, бо ду писару ду духтари ноздонаамон, ки хеле дӯсташон медошт, қариб гап намезад…
Аз ҳисоби занҳои маҳаллӣ як дугонае доштам, ки бароям мисли хоҳар меҳрубон буд. Ин ҳолати Саидро ба ӯ гуфтаму ӯ андешаманд ба рӯям нигариста гуфт:
- Ман метарсам, Санавбарҷон, яке акам (ӯ шавҳарамро ака мегуфт) фаҳмаду ба шавҳарам гӯяд, талоқамро медиҳад.
Ман қасам болои қасам хӯрдам, ки ба касе намегӯям ва Сафармоҳ сири шавҳарамро ба ман кушод. Тамоми ноҳия медонаду ту не… Акам Нуқраи духтурро зани дуввум карда гирифтааст, шабу рӯз дар хонаи онҳо… Аз шунидани ин хабар хун ба сарам зад ва чанд дақиқа хомӯш мондам, Сафармоҳро гусел кардаму Саидро мунтазир истодам. Изтироб дар дилам чун оташи сӯзон печу тоб мехӯрд, рашк тамоми вуҷудамро месӯхт….
Эътирофи гуноҳ
Саид чун ҳарвақта ними шаб омад, кӯдакон хоб буданду мани мустаманд бедор… Ӯ салом гуфту ба хонаи хобамон гузашт то либосҳояшро кашад, ман ғазабамро ба зӯр фурӯ нишонда, аз қафояш даромадам ва гуфтам:
-Мардак, рост аст, ки ту зани дуюм гирифтаӣ?
Ӯ тарафи ман гашта, маро сахт ба оғӯш кашид, лаҳзае саодатмандтарин зани дунё будам. Гумон доштам ҳозир Саид мегӯяд, ки не ҳамаи ин гапҳо дурӯғ аст, аммо ӯ пичиррос зад:
-Занакҷон, ман бе ӯ наметавонам!
Ду рӯз ҷангу ҷанҷол бардоштам, вале бефоида, Саид рӯирост ошиқ шуданашро ба Нуқра гуфт… Бо Сафармоҳ маслиҳат карда, пинҳонӣ назди Нуқра рафтам, ӯ дар таваллудхона хоҳари шафқат шуда, кор мекардааст. Сафармоҳ як духтури шиносро ёфт, ки моро ба ҳуҷраи хурде дароварда, барои овардани Нуқра рафт. Пас аз чанде дар кушода шуду ҷавонзани тақрибан бист-бистучорсолаи қоматбаланди сабзинаи ниҳоят зебо вориди утоқ шуду Сафармоҳ аз дар баромад.
-Салом, -рост ба чашмони ман нигариста гуфт, ӯ ва илова кард: -Ман Нуқра, то ҷое фаҳмидам, шумо ҳамсари Саид ҳастед ва ба сари мани шавҳардузд барои ҷанг омадед.
Нуқра худашро зӯр гирад ҳам, рангаш канда, овозаш меларзид…. Ман он рӯз ба Нуқра тамоми сагузашту азобҳоямро нақл кардаму гиристам, ӯ маро ором мекарду зери лаб фақат як гапро такрор мекард, апаҷон, ман оилаи шуморо вайрон карданӣ нестам…. Танҳо Саидро дӯст медорам….
Фирори Нуқра
Пас аз ду рӯзи ин воқеа Нуқра писарашро, ки баъди фавти шавҳараш танҳо ба воя мерасонд, гирифта, аз ноҳия ғайб зад. Саид сарашро ба сангҳо зада бошад ҳам, дигар ӯро пайдо накард ва мо аз ноҳия ба пойтахт кӯч бастем, зеро шавҳарам ба кори дигар гузашт. Саид аввалин сактаи дилро баъди як моҳи ғайб задани Нуқра аз сар гузаронд, дилаш бемор шуд, табобатҳо фоида накарданд ва баъди як сол Саиди нозанинам оламро падруд гуфт…
Бист сол аз ин воқеа сипарӣ шуд, имрӯз фарзандонам соҳиби хонаву дари обод, дар зиндагӣ аз чизе камбудӣ надорам, аммо худамро намебахшам. Сад афсӯс, ки ман ба бузургии ишқ бовар накардам, агар шавҳарамро мефаҳмидам, имрӯз ӯ болои сари фарзандонаш зинда мемонд. Ин андеша доим азобам медиҳад….
Санавбар
Таснифи Дилошӯб