Sebiston new 2024 october
Шавҳарам дастонамро бо лезва мебурид
4557

Салом! Ман як ҷавонзани бахтбаргашта Бибисоро, аз шаҳри бостонии Истаравшан аз муштариёни сомонаи Оила маслиҳат пурсиданиям. Соли гузашта бо ду фарзанд аз шавҳарам ҷудо шудам. Падари бачаҳоям наркоман буд ва маро беҳудаву баҳуда мурданивор мезад. Бовар кунед, баъзан дастонамро бо лезва мебуриду тамокуро дар баданам месӯзонд. Аз дасти шавҳари нашъаманду золим рӯз надида, маҷбур шудам, ки аз тарси ҷон аз баҳри чунин зиндагӣ гузарам. Як рӯзи наҳс барои дупула гап сахт ҷанг шудем ва шавҳарам маро чунон сахт зад, ки ҷоғам шикаст. Дигар тоби чунин зиндагии талхро накарда талоқамро талаб намудам. Шавҳарам гӯё маътали ишорат бошад, «дафъ шав рав, се талоқат кардам!» гӯён, дарҳол ҷавобамро дод.
Гирёну нолон бо сару рӯйи кафида фарзандонамро гирифта ба хонаи падарам баргаштам. Се бародар дорам, онҳо «худамон фарзандонатро калон мекунем” гӯён, рӯзҳои аввал маро тасаллӣ медоданд, аммо баъди ду-се моҳ муносибаташон тағйир ёфта, ба ғур-ғур сар карданд. Бачаҳоямро нонхӯри зиёдатӣ гуфта, дашному ҳақорат медиҳанд, ҷанг мекунанд ва баъзан барои як шӯхии кӯдакона шуда, ҳатто мезананд. Медонам, ки бародаронам бачаҳои маро бо ҳамин роҳ тарбият кардан мехоҳанд, вале дағалиҳояшон ба дилам сахт мерасад. Ҳолу аҳволи фарзандонамро дида, дилам хун мешавад, ки кӯдаконам мӯҳтоҷи дари хонаи тағо шуда, азоб мекашанд.
Дарди диламро ба модарам гӯям, ранҷида мегӯянд, ки маъқул набошад, ягон мардаки бе занро ёфта, шавҳар кун ва бачаҳоятро гирифта бар, мо зори туву кӯдаконат нестем.
Ростӣ, ду-се мард дар бадали як сол маро талабгор шуда, ба хонаамон хостгор фиристоданд, аммо дудила ҳастам. Ман ҳоло ҷавонам, аз шавҳари якумам на меҳрубонӣ дидааму на ягон гапи хуш шунидаам ва албатта мехоҳам марде дар барам бошаду такягоҳам гардад, аммо аз он ҳарос дорам, ки боз ба дасти ягон марди дигари ҷаллод наафтам. Хаёл мекунам, ки ҳамаи мардҳо мисли шавҳари якумам занозор ва бадҷаҳланду коса ба лаби кӯза расад, ба сари зан даст мебардоранд. Намехоҳам боз зери мушту лагад монам ва бачаҳоям пеши пойи паиндар хору зор шаванд, аммо дар хонаи падару бардаронам низ як умр монда наметавонам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кунам?
Бибисоро аз Истаравшан

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД