Боз як зани тоҷик ба дасти шавҳар ба таври ваҳшиёна кушта шуд. Ин ҳодисаи нангин дар Данғара рӯй дода, дар рафти моҷарои оилавӣ мард дасту пойи занашро баста, ба баданаш 34 маротиба корд задааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз сар задани як ҷинояти мудҳиши одамкушӣ хабар додааст.
Ба иттилоъи манбаъ, аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ноҳияи Данғара бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шудааст. Гуфта мешавад, ки боздоштшуда аз сари рашк ба манзили занаш рафта, дасту пойҳои ҳамсари 36-солаашро баста, бо корди ошхонагӣ 34 маротиба ба узвҳои махсусан муҳими баданаш задааст.Ҷавонзан бар асари ин захмҳо дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Айни замон нисбати гумонбар парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишоти ин қазияи хунин идома дорад.