Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шоми 14-уми июл хабар дод, ки Макка Чапановаи 20-сола, ки бедарак буд, бо мусоидати шаҳрвандон пайдо шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ӯ ҳангоми сайругашт роҳро гум карда, натавонистааст ба маҳали будубоши худ баргардад. Гуфта мешавад, ки вазъи саломатии ӯ хуб аст.
Пулиси Душанбе ба ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар ҷустуҷӯ саҳм гузоштаанд, изҳори сипос кардааст.