Саъдӣ донишу малакаи хуб, ки дошт, дар зинаҳои мансаб зуд боло рафт. Акнун ӯ раис буду дар гирдаш даҳҳо нафар парвона. Ба ҷойи ҳавлии оддиякамон ҳавлиҳои бошукӯҳ қад афрохтанду соҳиби чор фарзанди нозанин шудем. Дар зиндагӣ аз чизе камбудӣ надоштем, кампири хушдоманам аз ман ризо дунёро падруд гуфт, ҳеварҳоям низ дӯстам медоштанд. Шавҳарам низ ягон беҳурматиям намекард, вале медонистам, ки бо занҳои дигар алоқа дорад. Ман ба ҳама чиз чашм мепӯшидам, вале...
Қадами Қурбон ҳодисаи бо занаш рухдодаро шарҳ дод
...Ӯ дар идома афзудааст, ки феълан вазъи саломатии ҳамсараш хуб буда, ба ӯ хатаре таҳдид намекунад. Ёдовар мешавем, ки санаи 11-уми майи соли равон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Кӯлобу ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сел омада, ба сокинон ва манзили зисти онҳо зарари ҷиддӣ расонида буд. Баъди ин офати тибиӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳое паҳн шуданд, ки гӯиё ҳамсари Қадами Қурбон дар зери сел монда, ҷароҳати вазнин бардоштааст ва бархеи дигар мегуфтанд, ки ӯ фавтидааст...
Марги духтари нобино аз зулми падар
...Соро пас аз хатми мактаб ба бемории сил гирифтор шуд. Бемории ӯ ирсӣ буд, зеро ду амаку як аммааш аз ин беморӣ дар ҷавонияшон вафот карда буданд. Ӯро чанд муддат муолиҷа карданду ҳанӯз сиҳат нашуда, ба як марди 18 сол аз худаш калонтар, ки аз ҳамсараш ҷудо шуда буд, ба шавҳар доданд. Пас аз ду ҳафтаи арӯсӣ бемории Соро боз хурӯҷ карда, рӯз ба рӯз аҳволи наварӯсакро бадтар кардан гирифт. Модари домод аз бемор будани келин хабардор шуда, писарашро аз Соро то он ҳад ҷудо кард, ки ҳатто ба беморхона ба хабаргирияш рафтан намонд...
Фирӯза Ҳафизова мардумро боз ба шӯр овард
...Фирӯза Ҳафизова, собиқ раққоса ва овозхони 36-солаи тоҷик ин ҳафта ба мухлисонаш клиптаронаи “Nele nele ambar par”-ро бо забони ҳиндӣ пешниҳод намуд. Намоҳанги суруд дар боғҳои сабзу хуррами пойтахт сабт шуда, то кунун онро дар саҳифаи “Panjsher media” дар шабакаи YouTube зиёда аз 56 ҳазор нафар тамошо кардаву наздики 600 нафар шарҳ гузоштаанд. Овозхон бо нашри ин клиптарона дигарбора мардумро ба шӯр овард, зеро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарзи либоспӯшии ӯ шадидан интиқод кардаанд...
Худоё, мотами ишқ дорам...
...Танҳо соли аввал дилам ба ёди деҳа гум мезад. Аммо оҳиста-оҳиста муҳити шаҳр ба худ ҷалбам сохт. Дар курси дуюм мехондам, ки ошиқ шудам. Дилшодро, ки дар курси чоруми факултаи мо таҳсил мекард, девонавор дӯст доштам. Ҳар рӯз баъди дарс дар боғҳои фароғатии пойтахт бо Дилшод сайругашт мекардем. Аз ишқ сухан мегуфтему ба ҳамдигар ваъдаҳои осмонӣ медодем. Аслан, розӣ будам, ки ба хотири бо Дилшод хушбахт будан аз ҳама чиз даст кашам. Ва бо ин мақсад рӯзе аз ин орзуҳо ба Дилшод сухан гуфтам. Ӯ лабханде карда гуфт...
Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 21-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 2-юми июни соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52
“Маро танҳо нагузор”
Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!