Меҳмони навбатии гӯшаи «Маслиҳати хушдоман” модари азиз, сокини деҳаи Наврӯзи ноҳияи Панҷ мебошанд. Саволи мо ба меҳмон чунин аст:
Дар замони мо низ волидайне пайдо мешаванд, ки «духтар чиву хонданаш чӣ» гӯён, дар таҳсилоти олӣ гирифтани духтарон монеа эҷод мекунанд. Ба назари шумо келини хондагӣ хуб аст ё нохонда?
-Ба гумони банда солҳои ахир нигоҳи мардум ба хондани духтарҳо дигар шудааст, барои осонии кор дар ноҳияҳои дурдаст филиали донишгоҳҳову коллеҷҳо кушода шуда истодаанд, ки иқдоми хеле олӣ аст. Сарчашмаи ин иқдомот ѓамхориҳои падаронаи Пешвои миллат аст, ки ба таълиму тарбияи ҷавонон ба вежа духтарон аҳмияти зиёд медиҳанд. Ҳангоми сафарҳои худ ба ноҳияҳои дурдаст, ҷавонони болаёқатро дида, бо хушнудӣ аз онҳо пуштибонӣ мекунанд. Барои ятимону бепарасторон квотаҳои президентӣ ҷудо мешавад, ки боиси дилгармии ҷавонон аст.
Ман чор духтару як писар дорам, ки шукронаи Худои бузург ҳар кадоме соҳиби хонаву дари обод ва фарзандон ҳастанд. Ҳамаи онҳо соҳиби маълумоту ҳунарҳои зебо ҳастанд, писару ду духтарам духтур, ду духтари дигарам бошанд, дӯзанда ҳастанд. Духтаронро лозим аст, ки касбу ҳунареро аз бар намоянд, зеро аробаи зиндагиро баробар бо шавҳар кашидан хеле бори ӯро сабук месозад.
Баъд зани ҳунарманд худаш худашро эҳтиром мекунад, дар оилаву ҷомеа соҳибэҳтиром мешавад. Ҳунарманд дар ҳама давру замон новобаста аз вазъияти ҷомеа нонашро ёфта мехӯрад, ба касе муҳтоҷ намешавад. Баъзе волидайн танҳо дар тарбияи писарашон кӯшиш ба харҷ медиҳанду духтарро моли мардум ҳисобида, ба дасти шавҳараш ба обрӯ додани ӯро вазифаи ҷонии худ медонанд.
Набояд ин хел бошад, зиндагӣ ҳазор гардиш дорад ва бояд волидон ояндаи фарзанди худро андеша намоянд.
Аз рӯйи мушоҳидаҳоям медонам, ки бисёриҳо имрӯз келини хондагӣ мекобанд, мардҳо низ мехоҳанд, ки модари фарзандонашон босаводу ҳунарманд бошанд. То дар зиндагӣ тавонанд идеали фарзандони худ бошанд.