arzon replenishment
Шарифҷон Сангинов: Бо як взводи 30-нафара "Эй санам"-ро хондем
347

Сарояндаи мумтози тоҷик Шарифҷон Сангинов солҳост, ки бо сурудани таронаҳои ҷаззобу дилнишин миёни мухлисон маҳбубият пайдо кардааст. Ӯ бештар дар жанрҳои мусиқии суннатӣ месарояд ва ба матнҳои классикӣ оҳангҳои марғуб эҷод мекунад. Мавсуф бо эҷоди оҳангу мусиқиҳои ҳаловатбахшу дилнавоз дар рушди санъати эстрадаи тоҷик саҳм мегузорад.

Шарифҷон Сангинов ба наздикӣ дар озмуни ҷумҳуриявии "Оилаи беҳтарин" дар вилояти Суғд сазовори ҷойи аввал гардид. Хабарнигори сомонаи Oila.tj бахшида бар Рӯзи ҷаҳонии оила бо ин сарояндаи хушовоз ҳамсуҳбат шуда, аз ҳаёту фаъолияти ҳунарияш қисса кард.

"Меҳри санъат маро ба саҳна овард"

Шарифҷон Сангинов зодаи ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан аст. Ӯ 60 сол дошта, қариб 40 сол мешавад, ки овозхонӣ мекунад. Қаҳрамони мо аз овони мактабхонӣ ба суруду мусиқӣ шавқи зиёд дошт. Пайваста дар озмуну фестивал ва чорабиниҳои шаҳриву вилоятӣ иштирок мекард. Дар озмунҳои ҷумҳуриявии "Бӯстон"-у "Андалеб" борҳо сазовори ҷойи аввал гардидааст.

"Ҳар чорабиние, ки дар мактаб доир мегашт, хоҳиш мекарданд, ки дар он суруд хонам. Муаллимамон Акрамҷон Маҳкамов оҳангҳои нав эҷод мекарданд ва ман бо пешниҳоди он кас аз матнҳои классикӣ суруд мехондам. Ҳамин тавр, меҳри санъат дар дилам ҷо шуд ва ин меҳр маро ба саҳна овард",- иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Қаҳрамони мо, ки ба сурудхонӣ шавқи зиёд дошт, кам-кам навохтани асбобҳои мусиқиро низ аз худ мекард. Дар мактаб муаллимаш Акрамҷон Маҳкамов тарзи навохтани дутор ва танбӯру доираро меомӯзонд. Шарифҷон, ки шавқи зиёд дошт, дар муддати кӯтоҳ навохтани асбобҳои мусиқиро аз худ кард.

Ёде аз давраи донишҷӯӣ

Шарифҷон Сангинов баъди хатми мактаби миёна соли 1979 ба Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд дохил мешавад. Дар коллеҷ аз рӯйи ихтисоси "корҳои маданӣ ва равшаннамоӣ" таҳсил мекунад. Ба ӯ пешниҳод менамоянд, ки дар Донишкадаи санъат таҳсилашро идома диҳад.

"Дар коллеҷ ман навохтани ҳам асбобҳои мусиқии миллӣ ва ҳам хориҷаро аз худ кардам. Вақте ки коллеҷро хатм мекардам, ногаҳон модарам бемор шуданд. Барои ҳамин нахостам аз модар дур шуда, ба Душанбе равам. Бо мурури вақт, соли 2010 дар ихтисоси "режиссёри театри мардумӣ"-и Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дохил шуда, соли 2014 хатм кардам",- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Шарифҷон Сангинов бо сарояндаҳои машҳури тоҷик Лола Азизова, Муҳаррама Шарипова (дар Коллеҷи санъат), Нигина Амонқулова (Донишкадаи санъат) ва дигарон таҳсил кардааст, ки аксарияташон овозхони маҳбубу маъруфи халқ гаштаанд.

Қаҳрамони мо аз давраи донишҷӯӣ хотираҳои хуб дорад. Ба гуфти ӯ, ҳамкурсон дар ҳар маҳфилу чорабиниҳо якҷо суруд хонда, аз истеъдоду маҳорати якдигар баҳра мебурданд.

Замзамаи "Эй санам"-и як взвод дар хизмати ҳарбӣ

Шарифҷон Сангинов соли 1983 пас аз се моҳи хатми коллеҷ ба хизмати ҳарбӣ меравад. Вай аввал дар маркази таълимии яке аз қисмҳои ҳарбии Украина хизмат мекунад. Пас аз шаш моҳ, баъди гирифтани рутбаи сержанти хурд ӯро ҳамчун мутахассис ба яке аз қисмҳои ҳарбии Балхаши Қазоқистон мефиристанд.

"Давраи хизмати ҳарбӣ моро ба чорабиниҳои сиёсӣ ва иду ҷашнҳое, ки баргузор мегашт, мебурданд. Боре гуфтанд, ки бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ чорабиние баргузор мегардад ва мо бояд таронае пешкаш намоем. Ман суруди "Эй санам"-и Тоҷиддин Муҳиддиновро пешниҳод намудам. Ҳамин тавр якҷоя бо як взвод, ки аз 30 нафар иборат буд таронаи "Эй санам"-ро хондем. Аҷоибияш дар он аст, ки ин взводи аз халқу миллатҳои гуногун ташкилёфта бо як овоз таронаи тоҷикӣ месароиданд",- ба ёд овард қаҳрамони мо.

Ҳофизи ваҳдатсаро

Шарифҷон Сангинов бештар бо таронаҳои ватандӯстонаву меҳанпарастонааш миёни мухлисон маҳбубият пайдо кардааст. Аз ин рӯ, аксарият ӯро ҳамчун ҳофизи ваҳдатсаро унвон кардаанд. Ба гуфти қаҳрамони мо, мухлисон ҳатто дар тӯю маъракаҳо низ хоҳиш мекунанд як суруде аз ватан сарояд.

"Бештари таронаҳоям ба Тоҷикистон, ватан, истиқлол, ваҳдат бахшида шудаанд. Сурудҳои тӯёнаву рақсӣ ҳам дорам, ки дар жанрҳои классикӣ ва эстрадӣ офарида шудаанд. То имрӯз зиёда аз 50 оҳанг бастаам. Бисёртар ба шеърҳои Ҳофизи Шерозӣ, Лоиқ Шералӣ, Муҳаммад Ғоиб, Мирзо Файзалӣ, Мавҷуда Ҳакимова, Раънои Сафарзод, Раънои Зоирдухт, Валиҷон Акбарӣ ва шоири ӯзбекистонӣ Гулнора Туғён оҳанг мебандам. Ба наздикӣ ба шаби эҷодии Гулнора Туғён ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон даъват шуда будам. Аз ин чорабинӣ телевизиони "Маданият ва маърифат"-и кишвари ҳамсоя репортажи махсус омода кард",- гуфт сарояндаи хушовоз.

Шарифҷон Сангинов то имрӯз дар ансамблҳои "Дилшод", "Рухшона", "Шашмақом" (Истаравшан), "Трикотажи Ӯротеппа" фаъолият намудааст. Имрӯзҳо роҳбарии хонаи фарҳанги "Куҳандиж"-ро ба зимма дорад. Ӯ дар он ҷо 7 маҳфили ҳунарӣ таъсис додааст, ки аъзои онҳо дар озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - ватани азизи ман" иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд.

Ғолиби озмуни "Оилаи беҳтарин"

Шарифҷон Сангинов ба наздикӣ дар озмуни ҷумҳуриявии "Оилаи беҳтарин" дар вилояти Суғд сазовори ҷойи аввал гардид. Назар ба гуфти ҳамсояҳо, оилаи Шарифҷон Сангинов яке аз оилаҳои намунавӣ буда, ҳарсе фарзандаш дорои маълумоти олӣ мебошанд. Ҳамсараш Соима Сангинова бошад, яке аз кадбонуҳои беҳтарини шаҳр эътироф шудааст. Ҳамсоя, ёру дӯстон ва хешу табор омада гоҳ-гоҳ тарзи омода кардани баъзе навъҳои хӯроки миллиро меомӯзанд. Дар аввали баҳор аксарият ӯро барои суманакпазӣ даъват мекунанд.

"Ростӣ бовар надоштем, ки дар даври вилоятӣ низ сазовори ҷойи аввал мегардем. Аъзои ҳакамон ҳама ҷиҳатро ба инобат гирифта, ба мо ҷойи аввалро доиқ диданд. Ман фикр мекунам, оилаи беҳтарин ҳамонест, ки дар он андешаи солим, фикри солим, муҳаббат, якдигарфаҳмӣ ва иззату эҳтироми аъзои оила мавҷуд аст. Барои аз беҳтаринҳо шудани оилаи фарзандонамон бояд мо волидайн худ намуна бошем",- таъкид кард ҳамсуҳбати мо.

Шарифҷон Сангинов барои саҳми арзандааш дар рушди санъату фарҳангу ҳунар борҳо бо ифтихорнома, сипоснома ва мукофотҳои зиёд қадрдонӣ шудааст. Ӯ "Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон" мебошад. “Аммо беҳтарин ҷоизаву мукофот эътирофу эҳтироми мухлисон аст”,- мегӯяд ҳофизи хушсадо Шарифҷон Сангинов.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД