Sebiston new 2024 october
Шарифи Ҳамдампур яке аз 100 чеҳраи муваффақ
358

 

Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии "Маркази рушди зеҳнӣ" Озмуни "100 чеҳраи муваффақ" баргузор гардид, ки ҳадаф аз таъсиси ин ҳамоиши сатҳи баланд дарёфти чеҳраҳои наву муваффақ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Ғолибони озмуни мазкур аз рӯи ду категория вобаста ба 11 номинатсия муайян шуда, бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Нахуст ҷоизаи аввали ифтихорӣ ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ тақдим гардид. Сипас, аз рӯи номинатсияҳои "Илм ва маориф", "Тарғиби ғояҳои миллӣ", "Ҷавонон ва варзиш", "Ихтироъкориву барномасозӣ", "Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа", "Соҳибкорӣ", "Журналистика", "Фарҳанг ва санъат", Тиб" ва "Соҳибкорӣ" ғолибони Озмуни "100 чеҳраи муваффақ" бо мукофоту туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Муассиси сомонаи Pressa.tj, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шарифи Ҳамдампур аз рӯи номинатсияи “Журналистика” ба ҷоизаи Озмуни "100 чеҳраи муваффақ" сазовор дониста шуд.

Гуфта мешавад, ки ин озмун ҳамасола баргузор гардида, дар он нафароне, ки дар касбу кори худ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, мукофотонида мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД