-Салом! Ин ҷо идораи Оила. ТЧ аст? Шумо хабар доред, сарояндаи ҷавон Шаҳриёр зинда аст?
-Салом! Нафаҳмидам, дар бораи кӣ гап мезанед?
-Шаҳриёр!
-Кадом Шаҳриёр? Ҳамон Шаҳриёри Давлат, бале ӯ сиҳат саломат аст!
-Не, акаҷон, шумо маро нодуруст фаҳмидед. Ман дигар Шаҳриёрро дар назар дорам. Дар “Оила” чанд вақт пеш хабар нашр шуда буд, ки Шаҳриёри Барот дар Маскав ба садама гирифтор шуда, аз дунё гузаштааст. Ҳама дар ҳаққаш дуову фотиҳа мехонандд, ман ба қарибӣшунидам, ки Шаҳриёри Барот зинда аст. Ростӣ, ҳайрон шудам, ки чи тавр одами мурдагӣ аз он дунё баргашт, барои ҳамин ба шумо занг зада истодаам, ки ҳақиқати ҳолро фаҳмам.
-Акнун фаҳмидам. Шумо ҳамон Шаҳриёреро дар назар доред, ки таронаи “Ту мерави аз ёд”-ро ҳамроҳи Фараҳманд Каримов суруда буд...
-Бале, худи худаш! Бисёр овози ширин дорад. Таронаашон ҳам ХИТ шуда буд.
Пас аз ин занги телефонии мухлиси ашадии сомонаи Оила. ТЧ Фаррухҷон мо ба ҷустуҷӯи Шаҳриёри Барот афтодем.
-Мехоҳед донед, ки Шаҳриёри Баротро кӣ бо қайчӣ зад?
-Рост аст, ки Шаҳриёру Фараҳманд имрӯз душмани ашадӣ ҳастанд?
-Овозаи аз рӯйи суруди “Фарёди бесадо” ҷангу ҷанҷол кардани Шаҳриёр ва Фараҳманд рост аст ё дурӯғ?
-Дар байни ду ҷӯраи ҷонӣ кӣ душманию кина барангехт?
Ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоб гирифтану аз асрори зиндагии сарояндаи ҷавон Шаҳриёри Барот огаҳ шудан хоҳед, рӯзҳои наздик сӯҳбати моро бо худи Шаҳриёр дар сомонаи Оила. Тч интизор бошед!