goodwell
Шарҳи ВКД дар бораи садамаи «Автокран»-и Кӯлоб
01.10.2026
Oila.tj
173

29-уми сентябри соли 2026, тахминан соати 10:00 дар роҳи автомобилгарди маҳаллаи 1-уми Майи шаҳри Кӯлоб садамаи нақлиётӣ рух дод.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ронандаи «Автокран» Шоев Шаҳбоз Исмоилович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи А. Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба самти шаҳри Кӯлоб, бинобар корношоям гардидани системаи боздорӣ, идораи воситаи нақлиётро аз даст додааст. Дар натиҷа, «Автокран» ба автомашинаи «Тойота-Королла-Аксио» бархӯрда, он аз таъсири зарба ба қисми пеши «Опел-Астра» расидааст.

Ҳамчунин, як ноболиғ ҳангоми гузаштан аз гузаргоҳ бар асари шиддати ҳаракати «Автокран» ба замин афтодааст. Ба иттилои манбаъ, ба саломатии ноболиғ зарар нарасидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД