toyota motors
Шаҳри Кӯлоб ҳам нақшаи даъват ба сафи Артиши миллиро иҷро кард
02.04.2026
Oila.tj
141

Шаҳри Кӯлоб дар рӯзи аввали сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи даъвати ҷавононро иҷро намуд.

Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, дар ҳамоиш роҳбарияти шаҳри Кӯлоб, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва падару модарони даъватшавандагон иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ қарзи муқаддаси ҳар як ҷавони ватандӯст буда, саҳми арзанда дар ҳифзи истиқлолу амнияти кишвар маҳсуб меёбад.

Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, бо сурудҳои ватандӯстона ва гусели гарму самимии даъватшавандагон анҷом ёфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД