Тавассути «Шаҳри бехатар» дар соли 2024 беш аз 227 ҳазор ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сабт шудааст.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ Рустам Мирзомуродзода маълумот дода, гуфт: «Ронандагоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингардро вайрон намудаанд, аз ҷониби “Шаҳри бехатар” ба маблағи 32 миллиону 446 ҳазору 814 сомонӣ ҷарима баста шуданд”.
Айни замон лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар вилоятҳои Суғду Хатлон амалӣ мешавад, вале даро яндаи наздик камераҳои «Шаҳри бехатар» дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ насб карда мешаванд. Аз моҳи апрели соли равон дар Хуҷанд татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» оғоз хоҳад ёфт. Барои назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, низоми
идоракунии видеоӣ, васли таҷҳизоти видеоӣ барои нақлиёти кормандони милитсия ва дигар тадбирҳои бехатарӣ дар шаҳр 20 миллион доллар пешбинӣ шуда, айни замон 90%-и корҳои ин лоиҳа ба анҷом расидааст.