Formula novemver 2024
Шаҳрдори Исфара дар бораи муноқишаи охири марзӣ чӣ гуфт?
454

Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара, зимни нишасти хабарии худ ҳодисаи мавриди сангборони як қирғиз қарор гирифтани корвони мошинҳои тӯйнаи тоҷиконро дар Ворух шарҳ дод.

Ба таъкиди шаҳрдор, мушкилии мазкур бо ҷониби Қирғизистон тариқи гуфтушунид ҳал шудааст.

“Муноқишае, ки миёни сокинони Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, пурра тариқи гуфтушунид ҳал шуда, вазъ дар марзи ду кишвар ором мебошад”, - гуфт раиси шаҳри Исфара.

Ба баёни ӯ, ин муноқиша замоне рух додааст, ки мошине аз корвони нақлиёти тӯёна ва нақлиёти шаҳрванди Қирғизистон ба ҳамдигар халал расондаанд.

“Худи ҳамон рӯз мо бо роҳбари ноҳияи Бодканд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия вохӯрдем, намояндагони вилоят низ ҳозир шуданд, ҳамаи масъалаҳо тариқи гуфтушунид ҳаллу фасл шуд”, - гуфт шаҳрдор.

Вай таъкид кард, ки ҳамаи мушкили дар марз пайдогардида бо роҳҳои гуфтушунид ҳал мегарданд.

Қаблан, иттилоъ дода будем, ки 24-уми июли соли ҷорӣ, соати 17:30 дақиқа дар минтақаи наздимарзии Тоҷикистон бо Қирғизистон муноқиша рух дода буд.

Он замон маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки қатораи автомашинаҳои сокинони Ҷамоати деҳоти Ворух иборат аз 8 адад барои гузаронидани тӯйи арӯсу домодии фарзандонашон ба самти шаҳри Исфара ҳаракат доштанд.

"Дар наздикии даромадгоҳи деҳаи “Оқсой” қатори автомашинаҳо аз тарафи шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, сокини Ҷамоати деҳоти Оқсойи кишвари ҳамсоя, ки дар ҳолати мастӣ автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс”, рақами қайди давлатиаш 134 ACJ 03 KG — ро идора мекард, бо баҳонаи он ки гӯё яке аз автомашинаҳои тӯёна барои ҳаракати ӯ монеа эҷод кардааст, роҳи ҳаракати мошинҳоро мебандад. Сипас аз мошин берун шуда, автомашинаҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро мавриди сангборон қарор медиҳад. Дар натиҷа, қисмҳои гуногуни 3 автомашина мешикананд ва 4 шаҳрванди Тоҷикистон зарари сабуки ҷисмонӣ мебардоранд", - навишт манбаъ.

Гуфта шуд, ки баъди ба макони ҳодиса ҳозир шудани кормандони мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид доир гардид ва ба муноқиша хотима бахшида шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД