arzon replenishment
Шарбати тарбуз – беҳтарин даво
1018

 Ҳамагон хуб медонанд, ки хӯрдани меваю сабзавоти тару тоза ба саломатии инсон фоида дорад, вале аз таъсири муъҷизавии меваҳо ба ҳусну ҷамоли зан кам касон огоҳӣ доранд.

Хоҳед, ки бе усмаю сурма зебою дилкаш гардед, ба пӯстатон витамин диҳед. Аз дорухонаҳо витамин харидан шарт нест. Шумо витаминҳои табииро аз яхдон ва дастурхони худ гирифта метавонед. Шарбатҳои тару тозаи тарбузӣ, ангурӣ, помидорӣ пӯстро аз доғҳо пок намуда, ҳусну тароват мебахшанд.

Чашмонатонро эҳтиёт намоед!

Дар фасли тобистон ҳамарӯза малҳам барои пӯсти атрофи чашмро истифода бурдан лозим аст. Малҳам бояд пӯсти нозуки атрофи чашмро муҳофизат намуда, ботароват созад, зеро чинҳои аввалини мимикӣ маҳз дар ҳамин мавзеъ пайдо мешаванд, таъсири нурҳои ултрабунафш бошад, ин ҷараёнро метезонад.

Рӯятонро бо чойкаҳак шӯед!

Дар рӯзҳои гарми тобистон хоҳ-нохоҳ одам арақшор мегардад. Тез-тез арақ кардан боиси сурх шудани пӯст баромадани наракҳои зиёд мегардад. Пӯсти шумо равғанин бошаду зиёд арақ мекарда бошед, рӯятонро бо гиёҳоби чойкаҳак (як қошуқ гиёҳро дар як истакон оби ҷӯшомада дам партофта) шӯед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД