Номбурда худро ҳамчун табиби халқӣ муаррифӣ намуда, вале дар асл бо истифода аз ҳар гуна ашё ва ҷисмҳои карахт ба мардумфиребӣ машғул мебошад.
Шамися Гадоева, сокини шаҳри Душанебе, ки ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул буд, кормандони милитсияи пойтахт дастгир карданд.
Ӯ худро ҳамчун табиби халқӣ муаррифӣ намуда, вале дар асл бо истифода аз ҳар гуна ашё ва ҷисмҳои карахт ба мардумфиребӣ машғул мебошад. Дар ҷараёни амалиёт, ки аз таарфи кормандони ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шуд, аз манзили истиқоматии номбурда як қатор ашёҳои барои сеҳру ҷоду истифодашаванда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.
Нисбати Шамсия Гадоева, бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба андозаи 40-нишондиҳанда, баробар ба 2560-сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд ва барои оянда давом надодани кораш ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.