Блоггинг дар кишвари мо рӯ ба рушд қарор дорад. Блогерони тоҷик самтҳои гуногунро пеш гирифта, вобаста ба истеъдоду дониши худ кӯшиш карда истодаанд, то ки ҳаводори худро пайдо кунанд.
Барои мисол, чанде пеш Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон аксари блогерони фаъоли тоҷикро дар маросими ҷоизасупории “Блогери сол” бо ҳам оварда, аз рӯи 115 намуна ҷоиза тақдим кард. Ин шаҳодати он аст, ки дар ҷумҳурии мо ба ин соҳа таваҷҷуҳ шуда истодааст ва аллакай блогерон дар 15 самт фаъол буда, блоггингро муаррифӣ доранд.
Яке аз соҳаҳои муҳими блоггинг ин фут-блог аст, ки дар ҳақиқат мо фуд-блогер кам дорем. Яъне, нафаре, ки дар саҳифааш навъҳои гуногуни хӯрок омода кунад ё барои аудиторияаш тарзи омода кардани хӯроку хӯришу шириниҳоро омӯзонад, кам аст. Дар ин самт нав чанд нафар аз худ дарак дода истодаанд ва ба фикри инҷониб машҳуртарини онҳо Шамсиддин Насриддинов мебошад. Ӯ унвони шеф-повар дорад.
Ҳоло Шамсиддин Насриддиновро дар Инстаграм наздики 30 ҳазор нафар пайгирӣ карда, наворҳояш садҳо ҳазор бинанда доранд. Ӯ дар саҳифааш наворҳои ҷолиб карда, тарзи омода кардани хӯрокҳои гуногунро мегӯяд. Ҳамчунин, доир ба ҳаёти ҳаррӯзааш маълумот ва аксу навори ҷолиб нашр мекунед.
Шамсиддин Насриддинови 25-сола зиёда аз 10 сол аст, ки ошпазӣ мекунад. Ӯ иштирокчии даври ниҳоии барномаҳои маъруфи “Молодые ножи”-и Телевизиони “Пятница” ва “Здравствуй сладкий”-и Телевизиони “Субота ТВ” мебошад.
Шамсиддин дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудаву ба воя расидааст. Ӯ Донишгоҳи политехникии шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси муҳандис-технолог хатм кардааст. Айни ҳол дар пойтахти кишвар кору зиндагӣ мекунад.
Фикр мекунем, барои даҳҳо ҳазор пайгири Шамсиддин ҷолиб аст, ки ӯ пеш аз машҳур шудан чӣ гуна зиндагӣ доштааст.
Шамсиддин Насриддинов дар суҳбати кутоҳ ба мо зиндагии пеш аз машҳур шуданашро чунин баён намуд:
- 12 -сола будам, ки кондукторӣ мекардам. Монанди садҳо наврасу ҷавони тоҷик барои дарёфти маблағе ин корро анҷом медодам. Чун аз кӯдакӣ ошпазиро дӯст медоштам ва хушбахтона, волидонам инро дарк намуда, маро назди ошпази шинохта Абдурауф Ҳамидов бурданд. Устод нозукиҳои ин касбро ба ман омӯзонид. Дар баробари таҳсил дар мактаб ва касбомӯзӣ, боз кор мекардам. Замони донишҷӯӣ низ дар тарабхонае дар шаҳри Хуҷанд кор мекарам.
Ҳамсуҳбатамон нақл кард, ки пас аз хатми донишгоҳ бо мақсади тақвияти ҳунараш ба хориҷа сафар кард. Аз ҷумла, дар Маскав, Бишкек, Тошкент ва Туркия тарҷиба омӯхтааст.
Ҳоло бошад, ӯ маъруф аст ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳунарашро муаррифӣ мекунад.