Sebiston new 2024 october
Шаҳло: Никоҳи скайпӣ бадбахтам кард
2863

Ману шавҳарам тавассути скайп бо ҳам издивоҷ карда будем, зеро Парвиз дар яке аз шаҳрҳои Амрико таҳсил мекард ва имкони ба Ватан омаданро надошт. Домодро ягон бор надида будам, вале хешу табор «Худо ба ту дод, акнун дар Амрико кайфу сафо карда мегардӣ» гӯён, Парвизро таърифкунон ба осмони ҳафтум бароварда, бачаи босаводу бомаънӣ гуфта, маро ба ин издивоҷ розӣ кунонданд.


Волидонам бо шунидани номи Амрико аз хурсандӣ дар куртаашон нағунҷида, осемасар аз пайи тӯй шуданд. Тибқи маслиҳати калонсолон моро тавассути скайп никоҳ карданд ва баъди як ҳафта ман ба тайёра нишаста ба кишваре парвоз кардам, ки ҳатто дар хоби ширинам ҳам надида будам. Пешгӯйии пайвандонам дуруст баромад, мани дар умрам боре тайёраву шаҳри дигарро надида, яку якбора ба муҳити тамоман бегонаву ноошно афтидам. Шавҳарам дар кадом корхонае кор мекард, ки субҳи содиқ аз дар баромада, баъди шом бармегашт. Ман рӯзи дароз дар хона танҳо будам ва ғайр аз чор девор дигар ҳамрозу ҳамнафасе надоштам. Аввалҳо муносибати шавҳарам бо ман чандон бад набуд, вале рафта-рафта аз сардиву бемеҳрии ин тоҷики амрикоишуда чунон дилгир шудам, ки мехостам ба паррандае мубаддал гашта, ба назди азизонам баргардам. Шабу рӯз ба Парвиз мегуфтам, ки ба Ватан баргаштан мехоҳам, волидонамро пазмон шудаам, дар ин мулки бегона аз танҳоӣ девона мешавам, вале шавҳарам гӯё маро намешунид. Баъзан ҷонаш ба лабаш расида ба сарам дод мезад: «Ту бесавод, қонуну қоидаҳои ин кишварро намедонӣ, охир ман туро чӣ хел ба Ватан равон мекунам?! Ақлат дар ҷояш ҳаст ё не…»

Хулоса, рӯзи дароз дар миёни чор девор танҳо нишаста, қариб аз ақл бегона мешудам. Шавҳарам дид, ки аҳволам бад шуда истодааст, илоҷе карда барои маро ба Тоҷикистон равон намудан иҷозатнома гирифт ва ман мисли кабӯтари аз қафас озодгашта бо майли том ба Ватан баргаштам. Инак, чанд моҳ аст, ки дар ҳалқаи азизонам нафаси осуда мекашам. Намехоҳам дубора ба он кишвари зебо, вале бегона баргардам. Рақамҳои телефони шавҳарамро ба шумо медиҳам, то ки дарди дили маро ба ӯ расонед.


Ҳоҳарон: Бародарам ва модарам гузаштанд, акнун навбати мост?

Парвиз:
Зани бесавод дарди сар будааст!
Вақте масъалаи зангирии ман ба миён омад ба волидонам гуфта будам, ки ягон духтараки хондагии босаводро ёбанд, то дар мулки бегона ҳам худаш азоб накашаду ҳам маро ранҷу азият надиҳад. Ният доштам, ки занамро ҳам дар ягон корхона ба кор мемонаму дукаса дар ин кишвари пешрафта, ки яке аз беҳтарин давлатҳои дунё ба ҳисоб меравад, зиндагии шоҳона месозем, вале… Ман аз волидонам миннатдорам, ки барои дар чунин кишвари абарқудрат таҳсил карданам чизеро дареғ надоштанду имрӯз ман дар Амрико зиндагии осоишта дорам, вале падару модарам хешдухтари қишлоқии бесаводашонро зӯран ба сари ман бор карда, хатои бузурге карданд. Аз рӯзи аввали ба Амрико омаданаш «ман зиқ шудам, ба Душанбе меравам» гӯён, занам ҳар шаб то саҳар фиқ –фиқ гиря мекард. Кор ба ҷое расид, ки бегоҳ, баъди аз кор баромадан поям намекашид, ки ба хонаам равам. Мефаҳмондам, ки ин ҷо қонуну қоидаҳои сахт дорад, ҳар гоҳ, ки дилат хоҳад, ба Душанбе рафта наметавонӣ, вале зани қишлоқии аз дунё бехабарам қаҳру ароз карда, бо ман ногап мешуд. Аз зани гирифтаам чунон пушаймонам, ки ногуфтанӣ. Оқибати кори мо чӣ мешавад, намедонам! Ман нияти ба ватан баргаштан надорам, чунки дар Амрико ҷойи кори сердаромад дорам. Ҳар як ҷавони тоҷик орзуи мисли ман зиндагӣ карданро дорад, вале на ба ҳар кас чунин бахт муяссар мегардад. Занам ду пояшро дар як мӯза андохта мегӯяд. ки дигар ба Амрико намеравам. Ростӣ, дар ҳоли ногувор мондаам, чӣ кор карданамро намедонам. Аз фурсат истифода бурда, ба ҷавононе, ки якдигарро надидаву нашинохта, тавассути скайп никоҳ мекунанд, гуфтаниям, ки ҳеҷ гоҳ хатои маро такрор накунанд. Ба хотири розигии волидон зан гирифтам, вале ин никоҳ ба ягон кас хушбахтӣ наовард. Имрӯз ҳам ману ҳам занам бадбахтем, агар ҷудо шавем, боиси парокандагии ду авлод мегардем.

Маслиҳати равоншинос:
Парвиз, шумо ҳамчун ҷавони ҷаҳондидаву бомаданият бояд қабл аз тӯй ба волидонатон мефаҳмондед, ки дар мулки бегона ба шумо на танҳо ҳамсар, балки рафиқу такягоҳи боэътимоде лозим аст, то ки танҳоиятонро эҳсос накунед ва оилаи солим барпо намоед. Завҷаатон гуфтааст, ки шумо нисбаташ дағалу бепарво будед. Шумо тасаввур кунед, ки як духтараки аз муҳити хонаашон берун набаромада яку якбора аз волидонаш дур гашта ба чунин шаҳри калону тараққикарда афтидааст ва ба ғайр аз шумо дигар касеву чизеро намешиносад. Шаҳло шуморо дӯст дошта оиладор мешуд, шояд ба хотири муҳаббат ба ҳамааш тоқат мекард, вале маълум мешавад, ки занатон на шумо ва на ин кишварро дӯст надоштааст. Зиндагиатонро бо ӯ идома додан хоҳед, бояд нисбати ҳамсаратон меҳрубон ва ғамхор бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД