Кӯчаҳои ҳаёт
Як ҷавон корманди сохторҳои қудратӣ буд ва бо хоҳиши як ҳамкорам ман ба ӯ хати форсӣ омӯзондам. Сафӣ ошиқам шуд ва мудом ба наздам омада, зорӣ мекард, ки “зани дуюмам шав, зану фарзанди ман дар деҳа, ба ту зараре намерасонанд, розӣ шав”. Бо модарам маслиҳат кардаму зани дуюми Сафӣ шудам, баъди як-ду моҳи зиндагӣ фаҳмидам, ки ба Сафӣ ман не, хонаву дари тайёр, хӯроки гарму навозиши бепул лозим будааст, лекин дигар илоҷ набуд.
Шавҳари навам ба хона ҳатто як нон намеовард, аз ҳисоби ман мехӯрду мепӯшид. Ман ғайри муаллимӣ дар як ширкати косметологӣ низ кор мекардаму ба ин тиҷорат ҷиянҳои донишҷӯямро низ ҷалб кардам, фоидаи хуб меёфтем. Бо Сафӣ панҷ сол зиндагӣ кардем, ӯро вазифаи баланд доданду ӯ тарки ман кард. Мани танҳои зори навозиш ба ӯ одат карда будам ва барқасд ба марди дигар ба шавҳар баромадам, ин мард аз худам 15 сол калон буду зан надошт.
Сафиро ғайри модараму ҷиянҳоям, ки акнун донишгоҳро хатм карда, соҳиби оилаву хонаву дари худанд, дигар хешовандонам надида буданд, аз ин рӯ, шӯи сеюм кард гӯён, таънаам намекарданд, аммо духтару писарам чанд вақт ҳамроҳам ногап буданд…
Хусурам вафот карду ман ҳатто ба ҷанозааш нарафтам, баъди марги ӯ Зиннатой ҳавлиро фурӯхта рафт. Шавҳари навам Носир зани рус дошт, ки ҳамроҳи писари ягонааш шаҳрванди Русия шуда, рафта буданд. Носир тиҷорати мошин дошту дар як сол як бор ба Русия назди зану фарзанди баркамолаш рафта меомад. Ӯ ману фарзандонамро дӯст медошт, фарзандонам ҳам ба вай унс гирифтанд.
Дар ин миён духтарам донишгоҳро хатм карду ӯро апаам келин гирифт, писарам бошад, ба Донишгоҳи тиббии шаҳри Қазон дохил шуда рафт. Бо маслиҳати Носир ҳавлиро ба як ширкати хориҷӣ ба иҷора дода, ба хонаи панҷҳуҷрадори ӯ кӯчидем. Носир бо ман аз қайди никоҳи давлатӣ гузашт, ба ман хеле меҳрубон буд, зиндагии шоҳона доштем, аммо ӯро дӯст намедоштам.
Мани соҳиби домоду келину набера шукри хонаи ободу шавҳари меҳрубонамро карда, зиндагиямро пеш мебурдам, умрам низ ба панҷоҳ дакка мехӯрд. Писарам ба духтараки самарқандии ҳамсабақаш ошиқ шуд ва ҳамроҳи шавщарам Самарқанд хостгорӣ рафта, тӯйи бошукӯҳе кардем. Ҷавонон зиндагиро дар Қазон ихтиёр карданду мо розӣ шудем. Ба ин ҷуфти ҷавон аввал хобгоҳу баъд хона доданд, ман хурсанд будам, ки зиндагиям орому осуда аст, вале…
Мусибат
Носир зуком шуд, ман ӯро мисли кӯдак нигоҳубин мекардам, вале як марди корчалону сиҳату саломат аз зуком вафот кард. Духтурон гуфтанд, ки дилаш нуқс доштааст. Писари Носир аз Русия ба ҷанозаи падараш расида омад. Гуфтам, ки “ман хонаву дар дорам, хонаи падарат аз ту, биёву соҳиб шав”. Аммо Руслан гуфт:
-Падарам барои ману модарам дар маркази Маскав хона харида дода буданд, ин хона моли шумост, чунки дар лаҳзаҳои охирини ҳаёти ӯ ҳамроҳаш будеду ба вай хурсандӣ мебахшидед.
Шавҳарам дар хонаи бачаҳо ба воя расида буду ҷуз писарамакҳояш касе суроғаш намекард. Баъди додани маъракаҳои Носир ва як соли азодорӣ ба Қазон ба назди писарам рафтам, келинам духтараки чақону дилёбе буд, ки ҷои нишастанамро намеёфт, вале танҳо ду моҳ тавонистам он ҷо тоқат кунам.
Рӯзи дароз набераҳоям дар боғчаи бачаҳо буданду келину писарам дар кор, ман бошам, дар хона танҳо. Зиқ мешудам, келинам таклиф кард, ки барои зиқ нашуданам коре меёбад бароям, аммо дили ман кашоли Ватан буд. Инро ба писарам гуфта ба Тоҷикистон омадам. Акнун ҳам дар як гимназияи хусусӣ дарс мегуфтаму ҳам ба тиҷорати атриёт машғул будам. Соле як-ду бор ба назди писараму оилааш мерафтам.
Духтарам муқими шаҳр буду бисёртар бо ӯ мемондам, вале баъзан дилам ба худам месӯхту худ ба худ мегуфтам, ки аҷаб бетолеъ будаам, осудагиву бахти занона дар насибам набудааст, аммо зуд тавба мекардам, ки фарзандони солиму зебои хушбахт дорам, сад шукр. Аз Худои бузург миннатдор будам барои неъматҳои додагияш, худам бахту дӯстдорӣ надида бошам ҳам, аз дигар ҷиҳатҳо ҳеҷ танқисӣ надоштам. Чор ишкели дуруст, фарзандои солим, зиндагии шоҳона…
Ҳадяи Худо
Шаш сол аз марги Носир сипарӣ шуда буд, як баҳорон писарам исрор кард, ки ба наздаш биёям, то иди Наврӯзро як ҷо пешвоз бигирем. Ману духтараму ду фарзандаш ба назди писарам парвоз кардем.
Сарҷамъ идро хеле хуб гузаронидем, аз Самарқанд қудоҳо ҳам омаданд, табъам болида буду аз зиндагӣ розӣ будам. Духтарам як моҳ пештар аз ман ба Ватан омад, модари келинам “шумо наравед, ман зиқ мешавам” гӯён, маро манъ кард. Бо Зуҳрохон на танҳо қудо, балки дугонаҳои қадрдон будем ва танҳо ба хотири ӯ духтарамро танҳо гусел кардам.
Зӯҳрохону шавҳараш мисли ман як духтуру як писар доштанд, синну солашон бо ман баробар бошад ҳам, ба ҳам муносибати ошиқонае доштанд. Боре дар рафти сӯҳбат қудоям ба ман гуфт, ки “агар марди хуб барояд, шавҳар кун дугонаҷон”, аммо ман даст афшонда гуфтам, ки не бас аст, шояд гапи куфр гуфта будам…
Қудоҳоямро ба Самарқанд гусел намудаму худам низ азми сафари Ватан кардам. Маро келинаму писарам ба фурӯдгоҳ оварда гусел карданд. Дар ҳавопаймо бо як марди қоматбаланди зебо ҳампаҳлӯ будем. Марди хушсӯҳбате буду зуд диққати ман ва духтараки зебои дигарро, ки донишҷӯ будаасту ба хабаргирии волидонаш ба Тоҷикистон мерафтаст, ба худ ҷалб кард.
Худ ба худ гуфтам, ки аҷаб марди зебое, мӯи мошу биринҷаш ба чеҳрааш нури дигар мебахшид, ҳамсари кадом зани хушбахт бошад? Чун аз тайёра берун шудему ба саҳни фурӯдгоҳ баромадем, ӯ ба ман гуфт, “бону, як дақиқа телефонатонро медод, як ҷо занг мезадам, мобили ман кор намекунад”. Мо хайрухуш карда, аз ҳам ҷудо шудем, маро домоду духтарам пешвоз гирифта, ба хона бурданд. Се рӯз пас аз ба Ватан омаданам, рақамҳои ношиносе ба ман занг заданд. Баъди сӯҳбати кӯтоҳ фаҳмидам, ки ба ман ҳамон марди ҳамсафарам занг мезанад. Ӯ узр пурсид, ки аз ман напурсида, рақами телефонамро гирифтааст…
Бо Баҳром шаш моҳ телефонӣ сӯҳбат кардем, дар бораи ҳамдигар ҳама чизро фаҳмида гирифтем. Баҳром аз се зан бо ҷурми бефарзандӣ ҷудо шудааст, ҳар се занаш аз шаҳр буданд. Зани сеюмаш ба хотири давлату сарвати ӯ аз шахси дигар ҳомиладор шуда, Баҳромро фиреб доданӣ мешавад, аммо мард исбот кардааст, ки кӯдак аз ӯ нест.
Баҳром панҷову панҷ сол дошту ман панҷову ҳашт, аз хамин хотир таклифи издивоҷи ӯро ба хубӣ рад кардам, зеро намехостам аз нав гирди номам гап шавад. Аммо ӯ аввал назди духтару домодам, баъд назди писарам, оқибат назди модари пирам барои хостгорӣ рафт. Духтару писарам зид баромаданд, вале келину домодам онҳоро розӣ карданд, аммо модари пирам баъди хостгории Баҳром ба хонаам омада, гапе гуфт, то се рӯз ба худ наомадам.
-Гулнасаб, духтарҷон айб аст, охир… Дар ин сину сол шавҳар кардан... Шӯҷаллоб шудаӣ, бачам...
Дар лаҳҷаи мо занони бадахлоқи аз ин шӯ ба он шӯ расидаро шӯҷаллоб мегӯянд. Бо модарам ҷанг накардам, аммо зор-зор гириста гуфтам, ки “оча, ман ҳамин мардаки хостгорро ҳамагӣ як бор дидаам”. Модарам хомӯш ба ман нигоҳ мекарду ба ҷойи бахшиш пурсидан ё ақаллан тасалло додан, таънаам мекард, ки ёфтӣ, вақти ошиқ шавиятро. Гирён- гирён гуфтам, ки “бале, телефон мекунад, гап мезанем, аммо ман ҳамон рӯзи аввал гуфтам, ки шавҳар намекунам, худаш шумоҳоро ёфта рафтааст…”
Бародари калониям ба миён даромаду ману Баҳромро бо як коса об никоҳ карда, зану шавҳар кард. Баҳром тиҷорати мошин дорад ва марди сарватмандест, ӯ маро рост ба ҳавлияш дар як канори шаҳр буд, ки махсус барои ман харидорӣ карда буд. Модарам узр пурсид, аммо дар дилам захми суханонаш то ҳол боқист, ман шӯҷаллоб не, як зани аз зиндагӣ бахт надида будам. Мо бо Баҳром никоҳи расмӣ кардем, ду апаву се додараш маро янга гӯён, ба хона омада мераванд.
Баҳром ҳавлии навро ба номи ман кард, ман аз ӯ намепурсидам, ки чӣ дораду чӣ не?! Ман хонаи маркази шаҳрро ба номи духтарам, ҳавлиро бошад, ба номи писарам кардаму аз пайи зиндагиям шудам. Ҳама пайвандон аз омади бахти ман шод буданд, бо маслиҳати апаам духтарам писаре таваллуд карду ба ман дод.
Имрӯз Баҳмани мо дувоздаҳсола аст, ман шаш бор хонаи Худоро зиёрат кардааму бо шукру сипос аз даргоҳи Худо зиндагӣ дорам. Афсонаи умри ман хеле печида буд ва хеле ширин анҷом ёфт, ман нав фаҳмидам, ки ишқу дӯстдориву муҳаббат чист. Ман олиҳаи ҳусн набудам, вале Худованд меҳрамро дар дили як ҷавонмарде ҷо кард, ки ӯ маро хушбахттарин зани дунё кард. Баъзан гумон мекунам, ки ин ҳамаро дар хоб мебинам, аммо ин ҳақиқати зиндагист.
Хонандаи азиз, навиштани сарнавишти ман таърифу худситоӣ нест, мехоҳам он ба шикастадиле марҳам гардад. Худованд ҳеҷ гоҳ бандаашро ноумед намесозад, танҳо умед ба Худованду иродаи қавӣ моро ба ояндаи равшан мебарад.
Гулнасаб, аз Туркия