Ҳукумати Тоҷикистон ба парлумони кишвар пешниҳод намудааст, ки барои назди фолбину ҷодугарон рафтан ва истифодабарӣ аз хизмати соҳирон ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шавад.
Дар сурати қабул шудани пешниҳоди мазкур аз ҷониби вакилон, минбаъд шахсоне, ки назди фолбину ҷодугарон мераванд ва аз ҳар гуна хизматрасониҳои онҳо истифода мебаранд, аз 375 то 750 сомонӣ ҷарима карда мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки фолбинию ҷодугарӣ тибқи қонун манъ карда шуда, барои машғул шудан бо чунин амалҳо дар ҳаҷми аз 80 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз муқаррар карда шудааст. Соҳироне, ки такроран ба чунин амалҳо даст зада, сеҳру ҷодугарии худро идома медиҳанд, аз 1 то 2 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.