Arzon march 2024
Шахсоне, ки ба Салим Сайвализода сӯиқасд намуданд, кистанд?
290

Бо иттиҳоми тарконидани мошини хизматии Салим Сайвализода, раиси бахши Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Кӯлоб 9 нафар боздошт шудаанд ва мурофиаи судии онҳо моҳи август дар назар аст. Дар ин бора Ҳамзаалӣ Мусофирзода, муовини прокурори вилояти Хатлон зимни нишасти хабарӣ маълумот додааст.

Ба гуфти ин масъули Прокуратураи вилояти Хатлон, боздоштшудагон зодагони Кӯлоб буда, дар байнашон 1 зан низ ҳаст. Онҳо ба пуррагӣ ба гуноҳашон иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ намудаанд.

Сарварии ин гурӯҳи ҷиноиро Маҷидзода бар дӯш доштааст ва занаш низ барои дӯхтани байрақи “давлати исломӣ” ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

Боздоштшудагон барои даъвати оммавӣ бо мақсади зӯран тағйир додани сохти конститутсионӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки ин ҳодисаи нохуш санаи 5-уми январи соли равон дар деҳаи Тудакафш рӯй дода, мошини хизматии Салим Сайвализода дар назди манзили истиқоматиаш таркид.

Салим Сайвализода бар асари таркиш ҷароҳатҳои вазнин бардошт. Мақомот дар ҷойи ҳодиса боқимондаҳои маводи худсохти таркандаро пайдо карданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД