Шахсиятҳои маъруфи тоҷик, ки ному насабашон бо Гул оғоз меёбад
893

Дар миёни ҳазорон нафар ҳунармандон, шоирон, овозхонҳо ва чеҳраҳои маъруфи тоҷик ҳастанд онҳое, ки ному насабашон бо вожаи зебову рамзии «Гул» оғоз меёбад. Ин калима дар фарҳанги тоҷикон рамзи зебоӣ, нафосат, муҳаббат ва покизагӣ аст. Шояд ҳамин сабаб бошад, ки бисёр падару модарон аз азал мехостанд фарзанди худро бо чунин ном муаррифӣ кунанд.

Аз Гулбаҳор то Гулрухсор, аз Гулчеҳра то Гулсара - ҳар кадоми онҳо бо ҳунару фаъолияти худ дар рушду шукуфоии фарҳанг ва санъати миллӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Дар зер чанд нафар аз ин шахсиятҳои маъруфи тоҷикро, ки ному насабашон бо «Гул» оғоз меёбад, зикр мекунем.

Гулчеҳра Сулаймонӣ аз шоирони маъруфи тоҷик аст. Ӯ дар хонаводаи шоири шаҳиру навовар Пайрав Сулаймонӣ, 1-уми январи соли 1928 дар шаҳри бостонии Бухоро ба дунё омада, 5-уми апрели соли 2003 аз олам гузаштааст.

Гулрухсор Сафиева - Шоири халқии Тоҷикистон 17-уми декабри соли 1947 дар деҳаи Яхчи водии Рашт ба дунё омадааст. Ӯ аз шоирони маъруфу маҳбуби тамоми форсизабонон буда, бо эҷоди шеърҳои ноби худ шуҳратёр гаштааст.

Гулчеҳра Содиқова Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, модари санъати тоҷик ва фалаксарои беҳамто мебошад. Ӯ 31-уми октябри соли 1941 дар вилояти Хатлони Тоҷикистон ба дунё омадааст.

Гулсара Абдуллоева Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон аст. Ӯ бо образҳои зебои офаридааш дар дили дӯстдорони театру синамо ҷой гирифтааст. Мавсуф 15-уми майи соли 1948 дар ноҳияи Шаҳринав таваллуд шудааст. Ин ҳунарманди ҳирфаӣ беҳтарин офарандаи нақши модар эътироф шуда, то имрӯз зиёда аз 100 нақш бозидааст.

Гулбибӣ Абулхайрова - Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон яке аз чеҳраҳои маъруф ва соҳибистеъдоди саҳнаи театр ва синамои тоҷик ба шумор меравад. Ӯ 1-уми январи соли 1976 дар деҳаи Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Мавсуф солҳои зиёд дар рушд ва пешрафти фарҳанг ва санъати миллӣ саҳми арзанда гузошта, бо ҳунари нотакрори худ муҳаббати тамошобинонро ба даст овардааст.

Гулбаҳор Ғаффорова яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҳаҷв ва театру синамои тоҷик маҳсуб меёбад. Ӯ бо беҳтарин нақшҳои офаридаи ҳаҷвияш миёни дӯстдорони ҳаҷву ханда маҳбубият пайдо кардааст. Ин бонуи ҳунар зодаи шаҳри Исфараи вилояти Суғд мебошад.

Гулбаҳор Шокирова овозхони маҳбуби тоҷик буда, 12-уми майи соли 1984 дар шаҳри бостонии Истаравшан таваллуд шудааст. Таронаҳои ӯ бештар муҳтавои ошиқона ва ватандӯстона дошта, эҳсосу муҳаббати инсонро ифода мекунанд.

Ҳамин тавр, дар ҷомеаи мо на танҳо нафароне ҳастанд, ки номашон бо “Гул” оғоз меёбад, балки инсонҳое низ ҳастанд, ки насабашон бо ин калимаи зебо оғоз меёбад. Онҳо бо фаъолияти илмию эҷодӣ ва иҷтимоии худ дар рушди илму фарҳанг саҳми арзанда гузоштаанд. Аз ҷумла, устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов, шоир Гули Мурод Гулов, рӯзноманигор Рустам Гулов, блогер Рафаел Гулов ва рӯзноманигор Гули Зард, ки ҳар кадом дар соҳаи худ муваффақанд.

Бешубҳа, шумораи шахсиятҳое, ки ном ё насабашон бо вожаи “Гул” оғоз меёбад, ба ҳамин чанд нафар маҳдуд намешавад. Дар кишвари мо боз бисёр ҳунармандон, шоирон, олимон ва рӯзноманигороне ҳастанд, ки байни мардум шуҳрат ёфтаанд. Шумо, хонандаи азиз, боз киҳоро мешиносед, ки ному насабашон бо “Гул” оғоз меёбад?

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД