Arzon march 2024
Шаҳид Капур дар майдони сабт ҷароҳат бардошт
3798

Ҳунарманди 38-солаи синамои ҳинд Шаҳид Капур дар рафти банаворгирии филми наваш «Jersey», ки дар жанри драмаи варзишӣ рӯйи навор хоҳад омад, ҷароҳат бардоштааст.


Ҳодисаи нохуш нимаи моҳи январ дар ҳоле рух додааст, ки ҳунарманд бо крикет бозӣ карда, яке аз саҳнаҳои филмро ба навор мегирифт. Шаҳид дар ин филм нақши яке аз крикетбози машҳурро меофарад, вале ҷароҳат бардоштани ӯ аз филмнома берун будааст. «Ӯ хуб бозӣ мекард ва сабти филм ҷараён дошт, вале намедонам бо чӣ сабаб тӯбро гардонида натавонисту он ба рӯяш бархӯрд. Лаби поёнаш сахт ҷароҳат бардошт ва дарҳол ба бемористон интиқолаш доданд»,- менависад, хабаргузории русии «ZEE TV» аз қавли яке аз аъзоёни гурӯҳи корӣ. Табибон ҳунармандро муоина карда, ба ӯ дастур додаанд, ки барои ҳифзи саломатии худ якчанд рӯз ба кор набарояд ва табобат бигирад.


ШАҲИД КАПУР БА САДАМА ДУЧОР ГАШТ?


Пас аз хуб шудани саломатиаш Шаҳид Капур дар шабакаҳои иҷтимоии худ аз кулли мухлисонаш барои ҳамдардӣ изҳори сипос кардааст. «Барои нигарониву ҳамдардиатон миннатдорам. Бале, ман каме ҷароҳат бардоштам, вале ҳоло ҳамааш хуб аст. «Jersey» андак хуни маро аз ман гирифт, лекин боварӣ дорам, ки чунин филмнома арзандаи ҳама чиз аст». Нахустнамоиши филми «Jersey» моҳи августи имсол ба нақша гирифта шудааст ва ҳунарманд баъди аз бемористон мураххас шуданаш банди корҳои эҷодии худ мебошад. Шаҳид Капур аз зумраи он ҳунармандонест, ки касби худро дӯст медорад ва барои ба қуллаи мурод расидан аз чизе ҳарос надорад. Ин дар ҳолест, ки ӯ соли гузашта барои иҷрои нақши асосӣ дар филми «Kabir Singh» худро 14 кг хароб кард, то ба нақш мувофиқ бошаду филм писанди ҳамагон бигардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД