Sebiston new 2024 october
ШАБИ ҚАДР ВА ҶАЗОИ ҚИМАТФУРӮШОН АЗ НИГОҲИ ҲОҶӢ ИСМОИЛ ПИРМУҲАММАДЗОДА
3085

 

 

Шаби Қадр кадом шаби Рамазон аст?

- Домулло, мехостам дар мавриди фазилатҳои шаби Қадр чанд ҳарф бигӯед. Шаби Қадр кадом шаби моҳи шарифи Рамазон аст? 21 ё 27?

Савриддин, ш. Панҷакент.

-Бародарону хоҳарони азиз. Инак, мо ба даҳаи сеюми моҳи шарифи Рамазон расидем ва дар ин даҳаи муборак шаби қадр вуҷуд дорад, ки бисёр фазилати бузург дорад ва неъматест, ки Аллоҳ барои бандагонаш додааст. Худованд мефармояд: “Ман Қуръонро дар шаби қадр нозил кардам ”. Офаридгор ин шабро ба сабаби бисёр будани некию баракаташ муборак номид ва аз ҷумлаи баракаташ ин аст, ки Қуръон дар ин шаб нозил шуд. Қадр ба маънои шаби боқадр ва бошарафу бузург аст. Худованд мефармояд: “Шаби Қадр аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Дар ин шаб фариштагон ва Рӯҳ бо иҷозати Парвардигоршон бо тамоми амрҳо нозил мешаванд. Дар ин шаб то дамидани субҳ амну салом аст”. Дар Қурони карим сураи Қадр аст, ки фазилатҳои ин шаби муборакро бозгӯ кардааст:

-Аллоҳ дар ин шаб Қуръонро нозил кард, ки ҳидоят ва хушбахтии ин дунёву охират аст;

-Ин шаб аз ҳазор моҳ беҳтар аст;

-Фариштагон дар ин шаб бо некию баракаву раҳмат нозил мешаванд;

-Ин шаб амну салом аст, зеро бисёр инсонҳо ба сабаби тоату ибодаташон аз уқубату азоби дӯзах саломат мемонанд;

-Дар бораи фазилати ин шаб Аллоҳ сура нозил кард, ки то рӯзи киёмат тиловат карда мешавад.

Паёмбари мо, ҳазрати Муҳаммад (с) дар бораи фазилатҳои шаби Қадр гуфтаанд: “Касе дар шаби қадр бо имон ва умеди аҷру савоб намоз барпо кунад, гуноҳҳои гузаштааш бахшида мешавад”. Дар мавриди дар кадом шаб будани шаби қадр бошад, Расули Акрам мегӯянд: “Шаби Қадрро дар даҳаи охири рамазон ҷустуҷӯ кунед". Аммо мушаххас шаби Қадр кадом аст, маълум нест. Паёмбар фармудаанд: “Шаби Қадрро дар шабҳои тоқи даҳаи охири Рамазон ҷустуҷӯ кунед”. Яъне, шаби Қадр фақат хоси як шаб нест, балки ҳар сол ҳар хел меояд ё шаби 21 ё 23 ва 25-у 27. Ин ба хоҳиш ва фармудаи Худованди мутаол аст. Бинобар ин, Паёмбарамон мефармоянд: “Шаби қадрро дар шаби бисту нуҳ, дар шаби бисту ҳафт, дар шаби бисту панҷ ҷустуҷӯ кунед". Яъне, бандагони Худоро мебояд, ки даҳаи сеюми моҳи мубораки Рамазонро бо тоату ибодат ва парҳезкорӣ паси сар кунанд ва Худованд, иншоолоҳ подош муносибашон хоҳад дод. Зеро Худованд кадом шаб будани шаби Қадрро барои бандаҳо хабар надод, то ки ин шабро ҷустуҷӯ кунанд ва тоату ибодаташон зиёд шавад. Дӯстони азиз, Шаби Қадр шабест, ки дар он дарҳои раҳмати Аллоҳ кушода мешавад ва дуоҳо қабул карда мешавад ва ба амалкунандагон аҷрҳои бузург навишта мешавад. Шаби Қадр аз ҳазор моҳ беҳтар аст, пас кӯшиш кунед ва аз дар ғафлат мондан ҳазар кунед.

 

Намози шаби Қадр фарқкунанда аст?

-Дар шаби Қадр кадом намозҳоро хондан мумкин аст? Оё тарзи хондани намози шаби Қадр ва ният ва сураҳои он аз намозҳои панҷвақта фарқ мекунад?

Муллоҷон, н.Ашт.

-Намози шаби Қадр низ мисли намозҳои нафлӣ хонда мешавад. Метавонед, ки ду ракъат ва ё чаҳор ракъат ният карда, намоз гузоред, вале сураи хосе дар ин намоз таъин нашудааст, ҳар сураеро, ки хонед, дуруст мешавад. Яъне, пас аз сураи “Фотиҳа” кадом сураеро, ки медонед, бихонед. Илова бар ин, шумо метавонед дар ин шаб ба тиловати Қуръон, хондани зикрҳо, аз қабили “Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи, субҳоналлоҳил-азим”, “Астағфируллоҳ”, “Ҳасбияллоҳу ва ниъмал-вакил” ва ғайра машғул шавед. Аз сураҳо бошад, метавонед сураи “Ихлос” ва сураи “Қадр”-ро бисёр бихонед. Инчунин, дуои хосе, ки дар ин шаб ривоят шудааст, ин дуо аст: “Аллоҳумма иннака афуввун каримун туҳиббул-афва, фаъфу аннӣ” – Худовандо, ту бахшанда ва бокарам ҳастӣ, афву бахшишро дўст медорӣ, пас, маро бубахш”. Худованд ибодати шаби Қадрро ба мову шумо насиб гардонад.

 

Пеш аз намоз ифтор кунем?

-Ман як тақвими моҳи шарифи Рамазон харидам. Дар рӯзҳои охири моҳи муборак вақти ифтор намози хуфтан соати 19.55 ва вақти ифтор соати 20.00 навишта шудааст. Чӣ тавр имкон дорад, ки вақти оғози намоз аз вақти ифтор пеш аст? Аввал намозро хонда, пас ифтор мекунанд?

Анўшервон, ш. Кӯлоб

- Бародари азиз, ифтор кардан пеш аз намоз суннат аст. Шояд шумо тақвими ғалатро харидорӣ кардаед, зеро ман мутаваҷҷеҳ шудам, дар тақвими нашркардаи Маркази исломии Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Дуои рамазонӣ кай қабул мешавад?

-Дар моҳи шарифи Рамазон кадом вақт дуо кунӣ, дуо қабул мешавад?

Сафина, н.Ҳисор.

-Хоҳари азиз, ҳама лаҳзаҳои моҳи мубораки Рамазон вақти иҷобати дуо аст, хусусан қабл аз ифтор дуои шахси рўзадор қабул мешавад.

 

Рӯзаи моҳи Шавволро кай гирем?

- Рӯзаи моҳи Шавволро баъд аз рӯзи якуми иди Рамазон гирифтан даркор аст ё пас аз рӯзи сеюми ид? Нияти ҳамин рӯзаро низ мефаҳмондед.

Фарҳод, н. А.Ҷомӣ.

-Бародари азиз, пас аз рӯзи ид шумо метавонед пай дар пай ё ба таври ҷудогона шаш рӯз аз моҳи Шаввол рӯза доред. Ин рӯзаи нофила аст ва онро ба ин тариқ ният мекунед: “Ният кардам рӯзаи нафл дорам, аз субҳи содиқ то намози шом”.

 

Рӯзаи моҳи Шаъбон фарз аст?

-Устоди азиз, ҷое хондам, ки рӯза дар моҳи Шаъбон фарз шудааст, аммо чаро он дар моҳи Рамазон гирифта мешавад?

-Бародари азиз, сабаби фарз шудани рӯзаи Рамазон дар моҳи шаъбон огоҳ намудани саҳобагон ва омода кардани онҳо барои адои ин фариза буд.

 

Рӯзаи қазоиро кай бояд гирифт?

-Як рӯз рӯзаи қазоӣ дорам. Метавонам, ки онро дар фасли зимистон гирам?

Анвар, ш. Ваҳдат.

-Шахсе, ки аз моҳи Рамазон рӯзаҳои қазоӣ дошта бошад, бояд то Рамазони оянда рӯзаҳои қазоияшро бидорад, новобаста аз вақт. Бинобар ин, шумо метавонед рӯзаи қазоиятонро дар зимистон қазо доред. Аммо агар то Рамазони оянда бе узр рӯзаи қазоияшро надоред, пас гунаҳгор мешавад.

 

Рӯза кай фосид мешавад?

-Саҳар аз хоб хестам, соат 4:20 аст. Саросема як коса об хӯрдам ва нияти рӯза кардам. Оё рӯзаи ман фосид аст ё қарздор нашудам?

Муҳаббатшо, н. Рашт.

-Агар шумо соати 4:20-и субҳ ба вақти Тоҷикистон об нӯшида бошед, пас рӯзаи шумо фосид шудааст ва барои шумо як рӯз қазо доштан лозим аст. Зеро дар ин муддат айни замон субҳи содиқ дамидагӣ аст. Вақте аз хоб дер хестед, набояд чизе менӯшидед, якбора нияти рӯза мекардед. Саҳархӯрӣ кардан суннат аст. Бо тарки саҳархӯрӣ рӯза саҳеҳ мешавад. Аммо барои шумо беҳтар аст, то ғуруби офтоб аз хӯрдану ошомидан барои эҳтироми Рамазон худдорӣ кунед. Агар шумо бе хӯрдани ғизо ва нӯшидани об ҳам рӯза доред, Худованд ба шумо нерӯ мебахшад:

Дило, дар рӯза меҳмони Худоем,

Таъоми осмониро сазоем.

 

Дар Рамазон никоҳ кунем?

- Дар моҳи шарифи Рамазон никоҳ кардан равост?

Саидбурҳон, н.Ҳамадонӣ.

-Дар миёни халқи мо андешае ҳаст, ки дар байни ду ид тӯй кардану никоҳ бастан ҷоиз нест, вале дар ҳадис омадааст, ки ҳазрати Оиша (р.а) –ро Пайғамбарамон дар байни Рамазону иди Қурбон ба никоҳи хеш дароварданд. Никоҳ кардан дар Рамазон ва дар байни ду ид раво буда, аз нигоҳи ислом ягон монеа вуҷуд надорад.

 

Зани ширдеҳ рӯза мегирад?

-Занҳое, ки кӯдаки ширхор доранд, рӯза гирифтани онҳо ҷоиз аст?

Мунаввара, н. Ховалинг.

-Не, зеро Худованд фармон додааст, ки занҳо ҳатто дар ҳоли дар батнашон фарзанд доштан рӯза надоранд, чунки тифл дар раҳм аз ғизои хӯрдаи модараш рушду нумӯъ мекунад. Пас аз таваллуд то синни дусолагӣ зан бояд фарзандашро бо шир таъмин кунад, аз ҳамин сабаб, зане, ки кӯдаки ширмак дорад, рӯза нагирифта, баъди калон шудани фарзандаш рӯзаи қазоӣ медорад.

Қиматфурӯшони Рамазонро чӣ интизор аст?

-Домуллои азиз, чӣ тавре шоҳид шудем, аксари савдогарон бо фарорасии моҳи мубораки Рамазон маҳсулоти худро дучанд нархгузорӣ мекунанд. Ва ҳаминҳо ҳастанд, ки хайроту ифторҳои бодабдаба мекунанд. Оё хайроти ин афрод назди Парвардигор қабул мешавад ва ислом дар ин масъала чӣ мегӯяд?

Сарбоз, ш. Душанбе.

-Ман як ҳикояи хурде аз ҳазрати Умар меорам. Он ҳазрат ҷое омад ва ғаллаи зиёде дид. Пурсид, ки ин аз они кист? Гуфтанд, ки аз они ғуломи озодкардаи ту ва ғуломи Усмон аст. Амири муъминон пурсид, ки ба чӣ сабаб ғалларо дар ин ҷо ҷамъ овардаанд. Посух доданд, ки инҳо камшавии гандумро мунтазиранд, то маҳсулоти худро бо нархи гаронтар ба фурӯш гузоранд. Ҳазрати Умар онҳоро ба назди худ хонд. Ба ҳар ду салом дод ва гуфт. Ман шунидам, ки ғалларо ҷамъ кардед ва нияти гарон фурӯхтани онро доред. Лекин аз оқибати бади он шуморо огоҳ месозам, ки паёмбар ин амалро ҳаром гуфтанд. Ғуломи ҳазрати Усмон гуфт, ки эй Амир, ман аз раъям гаштам. Аммо ғуломи ҳазрати Умар гуфт, ки ин моли ман аст ва ба кадом нархе хоҳам мефурӯшам. Ҳазрати Умар гуфт, ки ихтиёр дорӣ. Баъди чанде он ғулом ба бемории “махав” гирифтор гашт, ки касе бо вай нишастухез намекард.  

Бо тарозӯе, ки ҳоло фанди мардум мекунӣ,

Рӯзи фардо номаи аъмоли ту бармекашанд. 

P.S. Идомаи посухҳои рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзодаро дар шумораи оянда мутолиа кунед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД