Бар асари борони шадид дирӯз як қитъаи роҳ дар километри 60,4-и роҳи мошингарди Восеъ - Ховалинг, ки аз тариқи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон мегузарад, аз сел осеб дидааст.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, бар асари борони сели рӯзи 29-уми апрел ҳудуди 30 метр роҳ дар шоҳроҳи мошингарди Восеъ - Ховалинг зарар дидааст.
Айни замон корҳои барқарорсозӣ дар қитъаи зарардидаи роҳ идома дошта, барои ҳаракати мошинҳо роҳи эҳтиётӣ кушода шудааст.
Боришоти зиёд дар чанд рӯзи охир ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ зарар расонд. Аз ҷумла дар деҳаҳои Садоқат, Тоҷикобод, Шарафи ноҳияи Рӯдакӣ ва деҳаи Даҳанаи ноҳияи Хуросон бар асари омадани сел роҳҳои мошингардро лойоба зер намуд, дар деҳаи Истиқлол ва дигар минтақаҳо низ чандин иншооти ёрирасон зери об монданд.