Боронҳои сели дар рӯзҳои истироҳат дар бархе аз навоҳии Вилояти Суғд борида махсусан ба аҳолии Панҷакент хисорот ва зарари зиёде расониданд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар додааст.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, шоми 23-апрел, тахминан соатҳои 18.10 дар Панҷакент сел омада, аз ин офати табиӣ асосан сокинони деҳаҳои Заврон, Навбунёд ва Навободи ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ зарар дидаанд. Бар асари ин офати табиӣ купруки деҳаи Завронро лойоба зер карда, гузаштан аз болои он ғайри имкон ва равуо қатъ гашт. Боришоти зиёд ҳамчунин ба хоҷагии халқ зарари зиёде расонида, таҳхонаи 15 сокини деҳаи Заврон ва манзили 7 сокини деҳаи Навбунёд пур аз лой гаштааст. Селборони шадид деҳқононро низ амон надода, ба 48 гектар замини корами ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ осеб расонидааст, аммо хушбахтона мардуми шарифи Панҷакент ба кӯмаки мақомотҳои дахлдор баромада, ҳашар оростанд ва бо кӯшишҳои дастаҷамъона оқибатҳои ин офати табииро бартараф намуданд.