Arzon march 2024
Сел Ҳасанро аз Ҳусейн ҷудо кард
1621

 

Тавре ки қаблан иттилоъ додем, 31 марти соли 2023, тахминан соати 12:55 дақиқа ба вақти маҳаллӣ сокини ноҳияи Муъминобод зери сел монд ва ба ҳалокат расид.

Ин сел бар асари борони пуршиддат аз доманакӯҳҳо ҷорӣ шуда буд. Ҷасади кӯдак аз ҷониби сокинон пайдо ва ба волидонаш супурда шуд. Дар ин бора шоҳидони ҳодиса ба сомонаи “Оила” иттилоъ дода, ҷараёни онро чунин қисса карданд.

Ба кӯмаки бародар

Бародарон Ҳасан ва Ҳусейн бо мақсади бурдани нону чой ба акаашон, ки дар куҳҳои қисмати болои деҳа ба нигоҳубини ҳайвонҳо машғул буд, озими куҳ мешаванд. Он вақт ҳаво хуб буд ва асаре аз сел дида намешуд.

АВВАЛ ҒАРҚАМ КАРДИЮ БАЪД НАҶОТАМ ДОДӢ...

 

Хонавода ба ҷузвдони Ҳусейн нону чойро гузошта, Ҳасанро бо ӯ ҳамроҳ мекунанд, то ин ки танҳо ба куҳ наравад. Вақте онҳо аз сойи маъруф ба “сангови Теболай” мегузаранду вориди дара мешаванд, аллакай дар қисмати боло борон борида буду аз ҳар кунҷи теппаҳо об ба поён меомад.

Дар оғӯши аҷал

Баробари расидан ба қисмати охири деҳа, ки аллакай хонаҳои сокинон тамом шуда, дашту даман буд, аз боло қад-қади дара сели калоне меояд ва ҳарду бародаронро ба чанг мегирад. Сел онҳоро то як масофаи муайян оварда, аз назди хонаҳои мардум духтарчаеро низ, ки рӯи ҳавлиашон бозӣ дошт, ба комаш мекашад.

Вақте кӯдакон доду фарёд мезананд, мардуми маҳаллӣ ба кӯмак метозанд ва Ҳасану духтарчаро аз об берун меоранд.

Ҷузвдон – балои ҷон

Азбаски Ҳусейн дар пушташ ҷузвдони вазнин дошт, об ӯро ба дохилтар кашида, аллакай даҳону биниаш пур аз лойқа шуд.

“Мо ӯро низ берун оварда, чанд бор талоши баровардани обашро кардем, вале наметавонистем. Бинобар ин, кӯдакро ба беморхона фиристодем. Вале, ӯ бо сабаби хӯрдани оби лойқаи зиёд фавтид. Ҷасадашро вақти намози аср дар ормгоҳи деҳ дафн карданд”,-гуфт яке аз сокинон бо шарти ифшо нашудани ном.

Гуфта шуд, ки Ҳусейн ҳамагӣ 7 сол дошта, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ба номи Зафар Абдуллоеви деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳияи Муъминобод дар синфи 1 мехонд. Ҳамсояҳо ӯро кӯдаки хуб ва нисбат ба дигарон боэҳтиром тавсиф карданд.

Бо ибрат аз ин рӯйдод аз тамоми сокинон хоҳиш мекунем, ки дар чунин рӯзҳо кӯдаконашонро бе назорат нагузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД