Маълум мешавад, ки себҳо аз рӯи рангашон хусусиятҳои судманди худро доранд ва ҳангоми интихоби меваи мазкур ин омилро ба назар гирифтан муҳим аст.
Себи сурх ҳуҷайраҳои ҷисмро аз пиршавии бармаҳал муҳофизат мекунад. Пӯсти себи сурх аз витамини С бой аст, ки метавонад ба бемориҳои дилу раг кумак расонад.
Себи зард кори ҷигар ва талхаро беҳтар месозад.
Себи сабз солимтарин ҳисобида мешавад - истеъмоли он эҳтимоли ками ба вуҷуд омадани аксуламалҳои аллергиро дорад, бо шарофати кислотаи аскорбин доштанаш ҳазми хӯрокро беҳтар мекунад.