Саломи худро ба кулли хонандагон ва ҳаводорони ҳафтанома мерасонам.Мебинам, ки нафарони зиёде ҳар ҳафта дар саҳифаи номаҳо аз мушкили худ гуфта, маслиҳат мепурсанд.
Ман ҳам дарди дили худро ин ҷо навишта, хоҳишмандам маро масхара карда, ба ҳолам нахандед. Мехоҳам мардони дигар номаамро хонда, хатои маро такрор накунанд. Ман соҳиби оилаи обод будам. Аз булҳавасӣ тасодуфан бо духтари ҳамкорам муносибати ошиқона пайдо карда,ӯро пинҳонӣ зани дуввум кардам.Баъд аз анҷоми кор, аз соати 17:00 то 22:00 дар хонаи зани дуввумам будам.Хаставу хоболуд ба хона меомадам.Ҳамсари якумам, ки хеле зани зираку доно аст, зуд аз хиёнатам пай бурда, гуфт ки ба гуноҳам иқрор шавам.Ман аз зани дуюм гирифтанам иқрор шуда, тавалло кардам, ки маро напартояд.Завҷаам гуфт, ки агар бо ман зиндагӣ кардан хоҳӣ, аз баҳри зани дуввум мебароӣ.Не гуфтам.Ҳамин тавр дузана мондам.Зани якумам акнун ба ҷойи корам занг зада, мегӯяд, ки ин биёру он биёр.Зани дувумам талаб дорад, ки ӯро барои табобат ба ягон осоишгоҳ фиристам.Хуллас, аз ҷанҷоли ҳарду сахт ба танг омадам.Аз ҳардуяш пинҳонӣбоз як зани шавҳармурдаро ба никоҳи худ даровардам.Зани сеюмам дар аввал меҳрубонӣ мекарду худро берашк нишон медод.Зани якумам, ки бениҳоят доно аст, кофта омада, бо зани дуввумам дугона мешаваду зани саввумамро кофтанӣ меоянд.Ӯро ёфта, дукаса хуб ҳақорат карда, баромада мераванд.Акнун ҳарду талаб доранд, ки барояшон дар шаҳр хонаҳои алоҳида харида диҳам, вагарна аз рӯи сезанагиам ба идораҳои дахлдор менависанд.Ҳардуяш дугона, апаву хоҳар, ман бошам рӯсияҳ.Зани саввум маро пеш кард.Ростӣ, аз зан аллергия пайдо кардаам.Аз кори кардаам сахт пушаймонам.Байни се кӯпрук будан хеле мушкилбудааст.
Таҳияи Шаҳло