Иттиҳоди Аврупо бастаи 19-уми таҳримҳои зидди Русияро қабул кардааст, ки ба он се бонки Тоҷикистон низ шомил шудаанд. Ба феҳристи таҳримҳо “Душанбе сити бонк”, “Спитамен” ва “Бонки тиҷоратии Тоҷикистон” ворид гардидаанд.
Раҳбари дипломатияи аврупоӣ Кая Каллас хабар додааст, ки таҳримҳо бахусус бонкҳои Русия, биржаҳои криптовалютӣ ва созмонҳои Ҳиндустону Чинро ҳадаф қарор медиҳанд.
Бино ба иттилои “Европейская правда”, ин мамнуият нисбати панҷ бонки Русия ҷорӣ хоҳад шуд.