Дар натиҷаи муколамаи пурсамари мақомоти Тоҷикистон бо шарикони аврупоӣ се бонки кишварамон - “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” аз таҳрим озод шуданд.
Рӯйхати аз таҳрим хориҷшудагон дар сомонаи расмии Иттиҳоди Аврупо нашр шуда, номи бонкҳои Тоҷикистон низ дар он ҳаст.
Аз таҳрим озод шудани бонкҳои мазкур натиҷаи ҳамкории густурдаи вазорату идораҳои дахлдори кишварамон бо Комиссияи Аврупо буда, барои рушди минбаъдаи низоми бонкӣ, тавсеаи хизматрасониҳои молиявӣ дар кишвар ва афзоиши эътимоди сармоягузорон ёрӣ мерасонад.
Таҳримҳо нисбати се бонки Тоҷикистон дар доираи маҳдудиятҳои 19-уми Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия ҷорӣ шуда, аз 12-уми ноябри соли 2025 ба ҳукми иҷро даромада буданд.