Қадами аввал - муайян кардани мақсади баҳогузорӣ. Аз ҳадафи баҳогузорӣ роҳҳову усулҳое, ки баҳогузор истифода мебарад, инчунин навъи арзише, ки ӯ муайян месозад, вобаста хоҳанд буд. Арзиши тиҷорат метавонад бозорӣ ва сармоягузорӣ бошад. Масалан, арзиши бозориро бо мақсади хариду фурӯши ширкат муайян мекунанд. Арзиши сармоягузориро бошад, барои фаҳмидани иқтидори сармоягузории ширкат ба инобат мегиранд.
Қадами дувум - интихоби баҳогузор. Баҳогузорон метавонанд барои ширкатҳои баҳогузор ва ё барои худ кор кунанд. Ҳангоми интихоби баҳогузор таваҷҷуҳ додан ба таҷриба ва мавқеи ӯ дар ин самт муҳим аст. Мавқеъро метавон масалан тариқи маълумоти манбаъҳои боз санҷид.
Қадами савум - ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо. Баҳогузор бастаи ниҳоии ҳуҷҷатҳоро дархост мекунад. Бинобар ин, қаблан чунин ҳуҷҷатҳоро омода кардан лозим аст: нусхаи ҳуҷҷатҳои муассисӣ, нусхаи ҳуҷҷатҳои маълумотнокии шахси ҳуқуқӣ, ҳисоботи муҳосиботӣ, нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба фаъолияти ширкат, маълумот оид ба маҳдудиятҳои тиҷорат, ҳуҷҷатҳо оид ба объектҳои амволи ғайриманқули ширкат.