Дар даври шаҳрии озмуни “Кадбонуи беҳтарин” ду зани ба қавле панҷ панҷаашон ҳунар-Сайрам Саримсоқова ва Зебунисо Асоева бо маҳорати баланди пазандагӣ ва дастурхонороии худ ҳакамонро қоил карда, соҳиби ҷойҳои аввал гаштанд.
Озмуни “Кадбонуи беҳтарин” дар арафаи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз дар “Боғи Ирам” баргузор гашта, дар он занону духтарони тоҷик ҳунару маҳорати пазандагӣ ва дастурхонороию меҳмондории худро нишон доданд.
Давлатабон дар омода кардани ширинию хӯришҳои рангоранг, намудҳои гуногуни нон ва таомҳои миллӣ қувваозмоӣ намуданд.
Давталабон дар озмун хеле зиёд буданд, вале Сайрам Саримсокова аз ноҳияи Шоҳмансур ва Зебуннисо Асоева аз ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо меҳмонннавозӣ ва ҳунари баланди пазандагию завқу салиқаи хоси дастурхонороияшон ҳамагонро қоил карда, ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд.
Ҷойи сеюм насиби бонувони шӯъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ гаштааст. Ғолибони озмун соҳиби диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ гашта, ҳамчунин ба даври ҷумҳуриявии озмуни “Кадбонуи беҳтарин” роҳхат гирифтанд.