formula
САЙФ АЛӢ ХОН БОЗ ПАДАР ШУДУ БАР ЗИДДИ COVID-19 ЭМ ГИРИФТ
1039

 

Сайф Алӣ Хон, ҳунарманди 50-солаи ҳинд дар яке аз марказҳои саломатии шаҳри Мумбай бар зидди COVID-19 эм ё худ ваксина гирифтааст. Хабаргузории “Zee-TV” иттилоъ медиҳад, ки дар Ҳиндустон эмгузаронӣ бар зидди бемории сироятии COVID-19 шурӯъ шуда, то ҳол Камол Ҳасан, ҳунарманди 66-сола, Ракеш Рошан, собиқ ҳунарманд ва ҳоло продюсери 71-сола ва Сатиш Шоҳ, ҳунарманди 69-солаи ҳинд ваксина гирифтаанд.

Пас аз ин ҳунармандон, Сайф Алӣ Хон чорумин нафар аст, ки эм мегирад. Эмгирии ҳунарманд дар ҳолест, ки 21-уми феврали соли равон ҳамсараш Карина Капур, ҳунарпешаи 40-солаи ҳинд барояш писарча таваллуд кард. Расонаҳо менависанд, ки ҳоли модару кӯдак мӯътадил буда, ба саломатиашон хатари ҷиддие таҳдид намекунад. Тифли навзод барои Карина фарзанди дувум ва барои Сайф фарзанди чорум ба ҳисоб меравад. Нахустфарзанди Карина аз Сайф соли 2016 ба дунё омада буд ва моҳи декабр 5-сола мешавад. Сайф Алӣ Хон аз издивоҷи аввалааш як духтару як писар низ дорад, ки ҳамроҳи модарашон зиндагӣ мекунанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД