Як сайёҳи хориҷиро ҳангоми саёҳат дар кӯҳҳои Варзоб мор газидааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Сайёҳи моргазида 29-сола ва зодаи шаҳри Хабаровски Россия будааст. Ҳодиса дар ҳудуди деҳаи Сиёмаи ноҳияи Варзоб рӯй дода, сайёҳи хориҷиро ҳангоми ба кӯҳ баромадан мор газидааст.
Гуфта мешавад, ки сайёҳи хориҷиро дар баландии 6 километр аз роҳи асосӣ мор газидааст. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дарҳол ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, ба сайёҳи моргазида ёрии аввалини тиббӣ расонида, сипас ӯро ба поён фароварда, ба яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе бурдаанд.