30 октябр дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад.
Гуфта шудааст, ки дар ин давр 528 нафар иштирок менамоянд.
Вобаста ба баргузории озмун дирӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ бо иштироки раиси комиссия, муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён доир шуд.
Дар он вазири маориф, аъзои комиссия, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, сардорон ва мудирони раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа дархост гардид, ки дар ҷараёни озмун шаффофият таъмин ва аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳо гузошта шавад.
Инчунин таъкид шуд, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки ҷараёни даври чоруми озмун пурра ба навор гирифта шавад.