Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоие паҳн гашта буд, ки дар он ду духтари тоҷик дар ҳолати мастӣ бо атрофиён ҷангу ҷанҷол карда дашномҳои қабеҳ медоданд.
Ин духтарони бадмаст аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шудаанд...
Кормандони шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии -1 дар ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрвандон Каримбекова Сарвиноз, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Ҳисор ва Ҷураева Фарзона, соли таваллудаш 2005 истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо дар ҳолати мастӣ даст ба қонуншиканӣ задаанд, дастгир намуданд.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурдагон рӯзи 4-уми июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 02:00, дар кӯчаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ, дар ҳолати мастӣ ба шаҳрвандон дарафтода, бо дашномҳои кабеҳ шаъну шарафи атрофиёнро паст задаанд. Ҳамзамон номбурдагон бо ҳамдигар низ муноқиша карда, тартиботи ҷамъиятӣ ва оромиву осудагии шаҳрвандонро халалдор сохтаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳар ду тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шуд. Суд дар навбати худ нисбати Каримбекова Сарвиноз ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз ва нисбати Ҷураева Фарзона ба муҳлати 7-шабонарӯз таъин намуд.
Дар ин бораи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.