Oila 5 years
САРВИНОЗ: ХУШДОМАНАМ АЛОВИ ЧАШМИ ПИСАРАШРО ГИРИФТААСТ
5810

 

Чандин сол аст, ки шавҳарам барои пулкоркунӣ ба Русия меравад. Дар 10 соли зиндагӣ дар ду-се сол танҳо як маротиба меояду як моҳ бо мо истода боз ба қавли худаш роҳи «ватан»-ашро пеш мегирад. Нисфи умрашро дар мулки бегона паси сар намудааст гӯям, хато намекунам.

Дар ин муддат мо соҳиби чор фарзанд шуда бошем ҳам, ҳеҷ аз ҳисоби мардикории шавҳарам зиндагиамон рӯ ба беҳбудӣ наовард, ки наовард. Сабабаш он аст, ки мардаки ман аз гапи очаҷонаш як қадам берун намегузорад. Маблағи коркардаашро ҳамеша ба модараш мефиристад. Аз Русия биёяд, ҳамроҳи модараш ба бозор рафта барои мо бо иҷозати кампир сару либос ва хӯрока мехарад. Ман ақаллан телефони дастӣ надорам, ки бо падари фарзандонам озодона суҳбат карда, гапи диламро бигӯям. Телефон дар хонаи мо танҳо дар дасти кампири хушдоманам меистад ва ман бояд дар ҳузури модараш бо шавҳарам гап занам. Кампир алови чашми писарашро чунон гирифтааст, ки бечора шавҳарам аз тарси модараш бо пули худаш барои худ ҳатто дору харида наметавонад. Хушдоманам субҳи солеҳ «ба бозор меравам» гуфта, аз хона баромада то бегоҳ дар ошхонаҳои сари роҳ сихкабобу манту хӯрда, шикамашро сер мекунаду шомгоҳон дар як халта чор картошкаву чор пиёзро оварда бо сад ситеза дар пеши мо мепартояд. Бечора кӯдаконам на гӯштро мебинанд, на дигар чизҳои бомаззаро мечашанд. Бори охири аз Русия омаданаш ба шавҳарам гуфтам, ки ақаллан барои духтарамон палто харида диҳад. Аз модараш иҷозат гирифта, ҳарду ба бозор рафтанӣ шудем. Кампир дарҳол ба хонаи дарун даромада тағйири либос намуд ва ҳамроҳамон ба бозор рафт. Дар бозори серодам аз думамон кашола шуда, палтоеро бо нархи арзон гирифта ба духтарамон доду моро пеш-пеш карда ба хона овард. Аламам омада бошад ҳам, лаб зери дандон гирифта чизе нагуфтам. Шавҳарам аз таъсири кори вазнин саломатияшро аз даст додааст. Ҷавон аст, вале аллакай қоматаш хам зада, мӯйҳояш сафед шудаанд. Дилам ба ҳолаш месӯзад, вале ҷони ман ҳам аз санг нест. Аз асабонияти зиёд фишорам баланд мешавад. Падарам аҳволи бади маро дида, маро бо ду кӯдаки хурдам ба хонаи худаш овард, фарзандони калониам бо хушдоманам монданд. Дигар тобу тоқати найрангҳои кампирро надорам, вале дилам ба ҳоли бачаҳоям месӯзад. Дирӯз як ҳамсояи хушдоманам, ки хешу табори падарам аст, ба хонаи мо омада гуфт, ки хушдоманам духтарҳоямро азоб медиҳад. Ин хабарро шунида фишори хунам якбора баланд шуд. Дар чорсӯйи зиндагӣ ҳайрон монда чӣ кор карданамро намедонам. Сахт ба маслиҳати равоншиноси шумо ниёз дорам, «Оила»-и азиз!

Сарвиноз

 

Аз нақли Қудрат

Сарвинозҷон, тоқат кун!

Салом, ман шавҳари Сарвиноз Қудрат. Занамро модарам интихоб карда бошад ҳам, барои духтари сарпасту меҳнатӣ буданаш ман ӯро дӯст медорам. Сарвиноз зани солеҳаву фармонбардор аст. Дар давоми 10 соли зиндагии ба ном якҷоя, ки қисмати зиёдашро дар мулки рус сипарӣ намудаам, завҷаам аз гапи модарам ягон қадам берун нагузоштааст. Гапҳои Сарвиноз ҳамааш дурустанд, вале ман модарамро ранҷонда наметавонам. Кампир духтарони худашро эрка карда дар болои ҳафт қабат курпача мешинонаду Сарвиноз рӯзи дароз хар барин хизмат мекунад. Модарам тарафи духтаронашро гирифта борҳо бо домодҳояш ҳатто даст ба гиребон шуда буд. Сарвиноз, ту гумон мекунӣ, ман корҳои модарамро намебинам? Мебинам азизам, вале чӣ кор карданамро намедонам. Намехоҳам модарам аз ман ранҷанд. Он кас моро бе падар ба воя расонида, азоби зиёд кашидаанд. Дилам намешавад ба сӯяшон нигоҳи бад кунам. Маро дуруст фаҳм, ҷонам. Медонам бароят душвор аст, вале хотири фарзандонамон ба хонаамон баргард ва як чашматро кӯру як гӯшатро кар карда зиндагиро идома деҳ. Ба гапҳои кампир аҳамият надеҳ. Гумон мекунӣ, ки барои ман осон аст дар мулки бегона хар барин кор карда, шабҳо дар таҳхонаҳои хунуку бистари сард хоб рафтан? Ваъда медиҳам, ки минбаъд зуд-зуд ба Ватан омада дар паҳлуят бошам. Умри кампир ҳам ба ҷое расидааст, илтимос тоқат кун! Ин рӯзҳо мегузаранд, баъд ҳардуямон ин ҳодисаҳоро ба ёд оварда механдем. Илтимос, зудтар ба хона баргашта духтаронамонро соҳибӣ кун, занак! Ман баъди се моҳ ҳатман бармегардам.

                     Маслиҳати равоншинос:

Хеле хуб аст, ки шавҳари Сарвиноз ба қадри заҳматҳои занаш мерасад. Аксари оилаҳои мо имрӯз чунин зиндагӣ ба сар доранд, вале чунин келини сархаму меҳнатӣ насиби ҳар хонадон намегардад. Хислату хӯйи хушдомани Сарвинозро тағйир додан номумкин аст, зеро пиронсолон хеле нозуку хурдагир мешаванд. Бигзор Қудрат ин дафъа омада бо нармӣ ба модараш бигӯяд, ки зани ӯ ҳам одам аст. Келинҳои ҳамсояро мисол оварда, фаҳмонад, ки ба қадри чунин келини хубу фармонбардор расидан лозим аст. Шарм надошта бигӯяд, ки занашро дӯст медорад ва тоби дидани оби дидаи ӯро надорад.      

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД