Дирӯз бо ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода манзилҳои истиқоматие, ки барои оилаҳои осебдидаи садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар шаҳри Кӯлоб сохта шуда буданд, ба истифода дода шуданд.
Дар ин бора аз ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба “Оила” хабар доданд.
Манбаъ иттилоъ дод, ки дар маҳаллаи Дӯстии шаҳр барои 4 оилаи осебдидаи садамаи нақлиётӣ аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи бозори “Сомониён” хонаҳои истиқоматӣ сохта шуданд.
Хонаҳои мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (1 хона), шаҳри Кӯлоб (1 хона), масҷидҳои ҷомеъ (1 хона) ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб (1 хона) бунёд шудаанд.
Хонаҳо аз 3 ҳуҷра ва дигар иншоотҳои ёрирасон иборат буда, майдони умумии онҳо дар масоҳати 0,04 гектар сохта шуда, масоҳати умумии сохтмони онҳо 71,3 м2-ро ташкил медиҳанд.
Тавре ки қаблан “Оила” дар як гузориши видеоӣ иттилоъ дода буд, ки дар ин садама манзилҳои истиқоматии бародарон Ёров Сафармад, Ёров Ҷумахон, Ёров Шамсулло ва Ҷононова Қурбонбӣ пурраву қисман хароб шуда буданд.
Ёдовар мешавем, ки дар садамаи нақлиётии мудҳише, ки шоми 6 августи соли 2023 дар назди бозори «Сомониён»-и шаҳри Кӯлоб ба вуқуъ пайваст, 10 нафар ба ҳалокат расида, 11 нафари дигар захм бардошта буданд.