Formula novemver 2024
Сарватманд ё муфлис шудани оила ба зан вобаста аст
24.03.2024
ОИЛА
1018

Дар меҳмонии гӯшаи «Маслиҳати хушдоман» Исоева Дамдорбибӣ, сокини деҳаи Паткуноби ноҳияи Дарвоз қарор доранд. Модари азиз фарзандони солеҳеро тарбия намудаанд, ки имрӯз дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият намуда, ба Ватан хизмати содиқона мекунанд. Мо андешаҳои модарро дар мавриди кам гаштани таваҷҷуҳи оилаҳои замонавӣ нисбат ба анъанаҳои миллӣ пурсон шудем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.

-Агар оиларо ба як давлати кӯчак ташбеҳ диҳему зану мардро ба сарварони он, пас баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти ҳар як оила аз сарфаю сариштакор будани сарваронаш сахт бастагӣ дорад. Дар оилаҳои суннатии тоҷик, мард ризқрасон ва зан нигоҳдорандаи гармию равшанӣ ва серию пурии хонадон маҳсуб меёбанд, пас ғанӣ ё муфлис будани хазинаи оила аз бонуи хона сарчашма мегирад.

Мардуми тоҷик анъанаи қадими оиладорӣ дорад ва дар ин фарҳанг ҳикматҳои зиёди ибратомӯз нуҳуфтааст. Як анъанаи хуби ниёгони мо, ки ҳоло дар он низ рахна ворид шуда истодааст, гирди як хон, саҳару нисфирӯзӣ ва бегоҳ истеъмоли ғизои сарҷамъонаи аҳли оила мебошад. Ин одати наҷиб ба фарзандон меҳр, ҳурмату эҳтиром ва дилсӯзӣ меомӯзад. Хурдон аз бузургсолони оила чӣ тавр сари дастурхон нишастану хӯрок хӯрдан ва сӯҳбат карданро меомӯзанд. Сари як дастархон ҷамъ омадану аз як суфра нон хӯрдан, аҳли оиларо ба ҳам наздиктару қаринтар месозад.

Мо ки посдори анъанаҳои наҷиби ниёгони хеш ҳастем, бояд пайгири ҳар падидаи хуб ва давомдиҳандаи он шавем. Ба фарзандон аз айёми кӯдакӣ бояд фаҳмонем, ки дар кӯча хӯрдани хӯрок айб аст, ҳамин тавр бо ҳам дидани як пора нон дар хонадон ба ҳукми одат медарояду фарзандони мо худпарасту худбин ба воя нахоҳанд расид. Барои ин ҳам ба фарзандон намуна бояд шавем, волидайнро зарур аст, ки новобаста аз муҳим будани касбу кори хеш ба хотири риояи урфу одати аҷдодӣ дар ҳалқаи азизони худ буданро фаромӯш насозанд.

То кадом дараҷа пайравӣ намудан аз анъанаҳои неки оиладории ниёгон аз тарбияи ҷавонон сарчашма мегирад. Тоҷике, ки ба миллату забону модару аҷдоди худ эҳтиром мегузорад, агар дар хориҷа зиндагӣ кунад ҳам, расму русуми милии хешро ҳеҷ гоҳ аз ёдаш намебарорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД