goodwell
Сарвари филиали бонки “Арванд” дар Ҳисор бо мошин ба канал афтидааст
20.07.2026
Оила
100

 

Фахриддин Воҳидови 37 сола, ки рӯзи 19-уми июл ҳамроҳи Дилноза Бойматова бо мошин ба канали калони Ҳисор афтида, ғарқ шуданд, сарвари филиали бонки “Арванд” дар Ҳисор будааст. Дар ин бора расонаҳо дар такя ба манобеъи худ хабар додаанд.

Бино бар иттилоъи Вазорати корҳои дохилии кишвар, ин ҳодисаи нохуш дар кӯчаи С. Раҷабови шаҳри Ҳисор рӯй дода, Дилноза Бойматоваи 32-сола ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти Ҳисор, аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадааст. Дар натиҷа, мошин ба панҷараҳои муҳофизатии пули болои канали обгузари “Ҳисор” бархӯрда, ба канал сарозер шудааст.

Дар пайи ин ҳодисаи нохуш Дилноза Бойматова ва мусофири дар мошинаш буда Фахриддин Воҳидови 37-сола, ки сарвари филиали бонки “Арванд” дар шаҳри Ҳисор будааст, ҷони худро аз даст доданд. Гуфта мешаванд, ки Дилноза Бойматова низ корманди бонки “Арванд” буда, дар филиали ин бонки дар шаҳри Тунсунзода кор мекардааст. Аз Дилноза ду кӯдаки хурдсол ятим мондаанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД