Тавре ки иттилоъ додем, дирӯз бегоҳӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҳодисаи фоҷиабор – садамаи мудҳиши нақлиётӣ рух дод.
Автомашинаи боркаш бар асари нуқси техникӣ ба воситаҳои нақлиёти сабукрав ва ду манзили истиқоматӣ бархӯрд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса 10 нафар ҷони худро аз даст дода, чандин нафари дигар захм бардоштанд.
Дар робита ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаҳои ҳалокшудагон изҳори ҳамдардии амиқ ва ба захмиён шифои оҷил орзу намуданд.
Роҳбари давлат ҳамчунин ба сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки ба хонаводаҳои ҳалокшудагон кумаки моддӣ расонида, барои табобати захмбардоштагон ва барқарор намудани хонаҳои зарардида тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Дар ин садама 10 нафар ба ҳалокат расидаааст, ки аз ин 8 нафар дар ҷойи ҳодиса ва 2 нафари дигар дар беморхона вафот карданд. Ҳамчунин, 11 нафари дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд, ки аз ин 2 нафарашон дар ҳолати вазнин қарор доранд. Айни замон 1 нафар аз беморхона ҷавоб дода шудааст.
Як манбаъ аз шаҳри Кӯлоб гуфт, худи ронанда, сокини 37-солаи ноҳияи Рӯдакӣ буда, дар ҷойи ҳодиса ҷон додаст.