Фоҷиаи талхи 3 муҳоҷири тоҷик дар Русия
Чанд рӯз қаблт бар асари як садамаи нақлиётии тақдирсӯз дар Русия 4 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд. Тавре ки расонаҳои русӣ иттилоъ додаанд, ҳодиса шоми 28-уми август, тахминан соатҳои 20:11 дар дохили базаи меваю сабзавоти “Софийская овощебаза” дар шаҳри Санкт-Петербург рӯй дода, мошини тамғаи “Chevrolet Lanos” бо сабаби аз ӯҳдаи идораи мошин баромада натавонистани ронанда бо суръати баланд ба як мошини фураи притсепдори тамғаи “Man” бархӯрдааст. Дар ин мошин 5 шаҳрванди Тоҷикистон савор будаанд ва бар асари ин садамаи сархӯр якбора 3 нафар мусофирони мошин ба ҳалокат расидаанд. Ҳамаи фавтидагон шаҳрвандони Тоҷикистон, аниқтараш зодагони ноҳияи Деваштич буда, яке 23 сол ва ду нафари дигар 20 ва 21 сол доштаанд. Ҷавононе, ки дар Санкт-Петербург қурбони ин садамаи тақдирсӯз гаштанд кистанд ва чӣ онҳоро ба мулки рус бурда ғуррамарг гардонд?
Фавтидагон киҳо буданду чанд сол доштанд?
Қурбониёни ин ҳодисаи мудҳиши нақлиётӣ ҳама аз як чашма об хӯрда, зодагони деҳаи Зарнисори ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштичанд будаанд. Сарвар Худойбердиев дар байни қурбониёни ҳодиса калонтарин ба шумор рафта, соли таваллудаш 1998 будааст. Фаррух Ҳазратқулов соли 2001 ва Хушнуд Холматов соли 2002 чашм ба олами ҳастӣ боз намуда, ҳамагӣ 20-21-сол доштанд.
Камбағалро дар болои уштур мор мегазад....
Мардуми тоҷик мақоле доранд: “Камбағалро дар блои уштур ҳам мор мегазад” дар ҳақиқат дар аксари фоҷиаҳо маҳз фарзандони одамони камбағал зиён мебинанд. Бино ба гуфти раиси шӯрои маҳалли деҳаи Зарнисор Фарҳод Олимов ҳар се қурбониёни садамаи сархӯри шаҳри Санкт-Петербург низ бачаҳои оилаҳои камбизоат будаанд ва мисли дигар муҳоҷирони меҳнатӣ барои пайдо кардани як тикка нон ҷони ҷавони худро ба гарав гузошта, рӯ ба муҳоҷират оварда буданд.
Сарвар рӯйи фарзандашро нодида рафту...
Аз ин 3 шаҳиди ормонӣ танҳо 1 нафар-Сарварҷон Худойбердиев оиладор буда, Фаррух ва Хушнуд муҷаррад ва ҳанӯз ҷомаи домодиро ба бар накарда будаанд.
Ба гуфти раиси маҳалла Сарвар Худойбердиеви 24-сола оиладор ва соҳиби як духтарча буда, занаш бз ҳмиладр будаат, вале дидани рӯйи фарзандаш ба ин падари ноком насиб накарда, ҷавонмарг гашт. Сарварҷон худаш дар оила писари сеюм буда, 3 бародар доштааст.
Падари Фаррух инфарки шуду...
Қурбонии дуюми ин фоҷиаи талх Фаррухҷон Ҳазратқулов ҳамагӣ 21-сол дошта, зиндагии сангин ин ҷавон6и ормониро ба Русия бурдааст. Падари Фаррух ба сактаи дил-инфаркт мубтало гашта, модараш низ бемор будааст. Фаррухҷон дар ила фарзанди хурдӣ бошад ҳам, мисли дигар кенҷагиҳо эрка набуд, аз ҳамин хотир ин ҷавони бо нангу ор ба хотири каме ҳам бшад, беҳтар кардани шароити зиндагиашон рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ овардааст.
Ба гуфти Фарҳод Олимов 28-уми август баробари рух додани садама ин хабари нохуш дарҳол дар деҳа паҳн гашта, то ба гӯши волидони ин ҷавнони ғуррамарг низ расидааст ва онҳо бо дили ғамбору ашки хунин ва нолаҳои зр вардани тобути шаҳбачаҳои ормониро аз мулки рус интизорӣ мекашиданд. Модари бемори Фаррухҷон аз зарби дарду ҳасрати фарзанди ноком сарашро ба дару деворҳо зада худашро сиёҳу кабуд кардааст, ки наход ба садои карнай ва домоду арӯс аз дараш тобути фарзандаш дарояд.
Нохушӣ дар оилаи Хушнуд
Дар байни муҳоҷирони ҷавонмарг Хушнуд Холматов аз ҳама ҷавонтар буда, ҳамагӣ 20-сол дошт. Азбаски Хушнудҷон фарзанди калонӣ буд, барои таъмини оила ва табобати додарчаи маъюбаш рӯ ба муҳоҷират овардааст.
Ба гуфти ҳамдеҳагонаш Хушнуд доим мегуфтааст, ки барои падару модари ман ғами модарони беморашон бас аст, чунки бибиҳояш ҳарду дардманд буда, кампири Норгул нобино ва модаркалони дигараш маъюб будааст. Ин ҷавон мисли дигар ҳамсолонаш ба ишқу ошиқӣ ва давидан аз паси духтарҳо овора нашуда, ҳамеша дар фикри чи тавр беҳбудӣ бахшидани аҳволи зиндагии аҳли хонаводаашон буд ва “падару мдарам ғаму дарди зиёд диданд, охир ҳам ду модаркалони маъюб дораму ҳам додарчаам маъюб аст” гӯён, роҳ ҷониби шаҳри Санкт-Петербург мегирад, то дар табобат ва нигоҳубини беморон ба падару модараш ёрӣ расонад, бехабар аз он ки маргри нобаҳангом дар мулки бегона ба гиребонаш панҷа зада, болои захмҳои қалби падару модари азияткашидааш боз як захми дигар сӯзон зам мешавад...
Ҷасади ин се ҷавни ормониро шаби 30-уми август ба деҳаашон оварда, рӯзи 31-уми август, соати 8:00 қурбониёни садамаи сархӯрро ба хок супурданд. Ёдашон ба хайр ва хонаи охираташон ободу манзиашон биҳишти ҷовидон бошад!
Фарзона Муродӣ