arzon replenishment
САРОЯНДАИ СУРУДИ "ҚИШЛОҚАКИ МАН БӮЙИ ЧАПОТӢ ДОРАД" МОРО ТАРК КАРД!
11126


Яке аз дӯстони наздики ин овозхони шинохтаи ҷумҳурӣ хабар дод, ки чанд дақиқа пеш Қурбоналӣ Абдуллоев ҷон ба ҳақ супурд. Ҳунарманди машҳур чанд моҳ пеш ба бемории ҳамагири "Коронавирус" гирифтор шуда дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе табобат мегирифт. Табибон ҳолаташро вазнин арзёбӣ карда буданд, ки аммо чанд рӯз пеш хабар расид, ки Қурбоналӣ Абдуллев шифо ёфта аз бемористон мураххас шудааст.

Сад афсус, ки ин вабо дар охир риштаи умри ин шахсияти наҷиб ва нотакрорро барканда, ӯро ба коми нестӣ тела дод.
Аҳли эҷоди сомона Оила. ТЧ аз хабари марги ин ҳунарманди хушзавқ ва нотакрори тоҷик сахт андӯҳгин буда, ба аҳли оилаи Қурбоналӣ Абдуллоев сидқан изҳори ҳамдардӣ баён менамоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД