Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон, примадоннаи санъати тоҷик Сурайё Қосимова баъди чанд вақт дурӣ аз Ватан ба Тоҷикистон баргашт. Дар ин бора бо нашри як акс журналисти шинохта Бахтовари Ҷамшед хабар додааст.
Дар акс дида мешавад, ки як гуруҳ равониён ва сарояндагони машҳури тоҷик аз қабили Зулайхо Маҳмадшоева, Хайриддини Шариф, Суруш Холов, Дилшоди Файзулло,Шоираи Раҳимҷон ва шавҳари Сурайё Қосимова-Пӯлод Шаропов дар сари дастархони пур аз нозу неъмат ҳамроҳи Сурайё Қосимова нишастаанд.
Дар зери акс Бахтовари Ҷамшед чунин навиштааст: ” Имрӯз бо ҷамъи дӯстон рафтем ба аёдати Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сурайё Қосимова. Мудате хонум дар Ҳиндустон таҳти табобати пизишкон буданд ва акнун ба Ватан баргаштанд” Ёдовар мешавем, ки Сурайё Қосимова чанд вақт боз бемор буд ва ин сарояндаи машҳурро барои табобат ба Ҳиндустон фиристода буданд.
Дар ин бора духтари Сурайё Қосимова, ҳунарманди машҳури жанри эстрадаи тоҷик -Шабнами Сурайё ва ҳамсараш Пулод Шаропов хабар дода буданд. Ба навиштаи шавҳараш хонум Сурайё Қосимова дар беморхонаи “Apollohospitaldelhi”-и шаҳри Деҳлии Ҳиндустон, ки бештар беморони қалбро табобат мекунад, бистарӣ шуда буд.
Сурайё Қосимова 22- апрели соли 1957 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Инсарояндаи муваффақ модари 4 фарзанд- Рӯзигул, Шабнам, Фарзона ва Эмомалӣ буд, вале мутаассифона писараш соли 2017 дар синни 16-солагӣ аз бемории саратон вафот кард.
Моҳи сентябри соли 2020 Сурайё Қосимова дар синни 63-солагӣ ба Пӯлод Шарипов ба шавҳар баромад. Шавҳараш варзишгар буда, ҳамзамон бо соҳибкорӣ машғул аст ва қаблан консертҳои Сурайё Қосимоваро таблиғ менамуд.