Имрӯз яке аз фархундатарин идҳо барои мардуми кишвари мост, зеро мардуми тоҷик 28-умин солгарди Сарқонуни Тоҷикистонро ҷашн мегиранд.
6- ноябри соли 1994-ум барои тамоми мардуми тоҷик, яке аз санаҳои тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар хамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки имсол мо 28 солагии онро ҷашн хоҳем гирифт. Ин сана барои мардуми мо, як санаи таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд. Таърих гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон аз соли 1929 то ба имрӯз, 5-маротиба, яъне дар солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсияҳои гуногун қабул гардида, Конститутсияи нави амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда ба стандартҳои санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Ногуфта намонад, ки ба Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (26-сентябри соли 1999-ум, 22-июни соли 2003-юм ва 22 майи соли 2016-ум) бо роҳи райпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.
Аз вақти қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрўз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Маҳз тайи ҳамин солҳо музокироти тўлонии миёни тоҷикон, ки мақсад аз он таъмини сулҳу суббот ва оромию баҳамоии тарафҳо буд, шурўъ шуда, 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба анҷом расид. Созишнома дар баробари ҳаллу фасли як қатор масъалаҳои мубрами рўз, ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба Конуститутсия пешбинӣ намуд. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф якумин тағйиру илова ба Конститутсия 26 сентябри соли 1999 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба 31 моддаи Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки ин тағйиру иловаҳо дар бобати ташкили Парламенти доимоамалкунандаи касби – Мачлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъсиси мақоми нави дастаҷамъӣ – Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост. Сипас, мутобиқи талаботи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1999 Шўрои адлия таъсис дода шуд.
Ҳамзамон, пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб менамуд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шуда, он ба талаботи давру замон мувофиқ гардонда шавад. Тавре Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 4 апрели соли 2003 иброз намуда буданд: «…меъёрҳои Конститутсия бояд ба инкишофи равандҳои демократӣ дар ҷомеа ва танзими муносибатҳои нави иқтисодӣ мусоидат намояд. Бояд тазаккур дод, ки соли 1999 на ҳамаи камбудию нуқсонҳои Конститутсия ислоҳ гардида, норасоиҳои дар матн ҷойдошта бартараф карда шуданд». Ҳамин буд, ки як гурўҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус баромад намуданд. Ин пешниҳоди намояндагони халқ, иборат аз ҳифзи арзишҳо ва дастовардҳое буданд, ки дар зарфи солҳои 1992—2003 ба даст омаданд. Тағйиру иловаҳо масъалаҳои зеринро дар бар мегирифтанд: 1. Арзиши олӣ эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мӯҳлати ваколати Президент 7 солӣ на бештар аз ду муҳлат пай дар пай, мӯҳлати ваколатҳои судяҳо бошад аз 5 сол ба 10 сол дароз карда шуд инчунин муқаррароти интиқолӣ ва таҳриру тасҳеҳ.
Ҳамин тавр бори дуюм – 22 июни соли 2003 ба 56 моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки ин пеш аз ҳама самараи заҳматҳои роҳбарияти давлат ва халқи Тоҷикистон аст. Халқи Тоҷикистон амалан ихтиёри давлатдориро ба даст гирифта, асосҳои ҳуқуқии барпо намудани давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро гузошта, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид ва заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохта, дар кишвар раванди бунёдкориро оғоз намуд.
Тағйиру иловаҳои сеюм ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он мебошад, ки рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Инчунин бо дарназардошти рушди забони давлатӣ, баинобатгирии қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011, №458 тасдиқ шудааст, зарурат пеш омадааст, ки матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истилоҳо ва ибораву калимаҳои он мукаммал гардонида шуда, вожаву таркибот тибқи меъёрои он дақиқ навишта шаванд. Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Ин тағйиротҳои Конститутсия барои рушди бемайдони соҳаҳои сиёсӣ, иктисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад.
Бори сеюм ба 41 банди Конститутсияи ҶТ тағийру иловаҳо ворид карда шуд.