sebiston july new
Сарони Тоҷикистон ва Қазоқистон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ дидан карданд
244

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар Маркази хизматрасонии “Дунёи ош”-и пойтахт аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ боздид намуданд.

Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар намоишгоҳ молу маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили полезиҳо, меваҷот ва сабзавоти тару тоза ба маъраз гузошта шуд.

Илова бар ин, дар доираи намоишгоҳ маҳсулоти нонӣ, аз ҷумла нону кулчаҳои гуногуни кадбонуҳои ҳунарманд пешкаши меҳмонон гардид.

Тавре “Ховар” хабар додааст, дар маркази хизматрасонии “Дунёи ош” Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо таомҳои миллӣ, ба мисли намудҳои мухталифи ош, ки аз ҷониби ошпазҳо бо санъати баланд омода карда шуда буд, шинос шуданд.

Баргузории чунин чорабиниҳо, аз қабили намоишгоҳҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва дигар тадбирҳои муҳим агар аз як ҷониб шиносоии фарҳанги пурғановати бостонии тоҷикон ва муаррифии дастовардҳои ин миллати тамаддунофар дар солҳои соҳибистиқлолӣ бошад, аз дигар тараф омили муҳими таҳкими дӯстию бародарии мардумони Тоҷикистон ва Қазоқистон аст, ки бо ирода ва дастгирии бевоситаи сарони ду давлат амалӣ мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД