Ҳадя Яъқуб Носирӣ як духтари муваффақи афғон дар Тоҷикистон аст. Ӯ 9-уми июни соли 1997 дар Афғонистон таваллуд шудаст.
Ҳадя дар оила фарзанди калонӣ буда, 4 бародар дорад. Тавре худаш мегӯяд, дар мактаб бештар ба фанҳои дақиқ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ шавқу завқ дошт. Мактабро аъло хатм намуда, ба Донишгоҳи тиббии Афғонистон дохил шуд, ҳамзамон барои инкишофи забони хориҷиаш ба курсҳои кӯтоҳмуддат мерафт, аммо натавонист онро ба анҷом расонад.
Пас аз он ки Толибон дар Афғонистон ба сари қудрат омаданд, вазъияти занону духтарон дар ин кишвар якбора сахту сангин шуд. Ҳадя нотарсона барои ҳифзи ҳуқуқҳои бонувон мубориза бурда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромад мекард. Барои ин рафтораш ӯро ҳар рӯз таҳдид ба марг менамуданд, аммо ин духтари нотарс муборизаашро идома медод.
Вақте фаҳмид, ки марде аз гурӯҳи “Толибон” ба ӯ талабгор шудааст, ҷиддан ба ташвиш афтод. Ҳадя ва волидонаш маҷбур шуданд, ки ба Туркия фирор намоянд. “Дур аз Ватан дар мулки ғарибӣ зиндагӣ кардан хеле сахт буд”,- қисса мекунад Ҳадя.
Аммо ин ҳама санҷишу душвориҳо рӯҳи муборизи ӯро шикаста натавонистанд ва афғондухтари донишманд дар яке аз марказҳои омӯзишии бонуфузи Туркия ба ҳайси муаллимаи забони англисӣ ба кор даромад.
Дар давоми 4 соли кориаш Ҳадя ба яке аз муаллимони муваффақи IELTS табдил ёфт, аммо санҷишҳо дар Туркия афзуда, муҳоҷирони афғон маҷбур шуданд, ки ин кишварро низ тарк намоянд.
Ҳамин тавр, тобистони соли 2024 Ҳадя ҳамроҳи аҳли хонаводааш ба Тоҷикистон омад. Ҳоло ӯ дар маркази омӯзишии OXFORD аз забони англисӣ дарс медиҳад. Ин духтари зебои афғон мегӯяд, ки мардуми тоҷикро барои самимият, дӯстӣ ва меҳмоннавозиашон дӯст медорад.
Шоира ТИЛЛОЕВА